Ишқи сархӯр

– Паноҳ шудаанд.
– Мирзомурод ҳамин ҷо аст?
– Ҳа.
– Келин, худатон ҳам дар ҳавлӣ наистед, ҳозир медароянд.
– Ба хонаи мо намедаромаданд-ку.
– Ҳамин тавр шуд, келин, баъд гап мезанам.
Завҷаи Мирзомурод аз ваҷоҳати бобои Абдукарим тарсу ҳарос, безобитагии ӯро ҳис мекард, ӯ ҳам дар ғами ҷони худ.
– Биёед, – пеш-пеш даромад ӯ. Дари оғилро кушод, пури гову мол, чанд рӯз боз нарӯфта будаанд, ҳама ҷо пури тапии гов, чанд тахтаро аз таги пои говҳо бардошт завҷаи Мирзомурод. Бобои Абдукарим роҳи рафтанашро медонист.
Мирзомуроди банкир баъди нооромиҳою пайи ғорати молу мулки мардум афтодани силоҳдорон ғамашро хӯрда буд.
Таҳхонаи мӯҳташами зеризаминӣ сохт. Аз даруни оғили гову мол зина ба зина ба он роҳ. Болои сар чандин қабат оҳану бетон. Баъд як-ду хонача, ҷои хобу дегу дегдон…Аз як тараф то ба хонаи ҳамсоя тагтаги замин роҳ. Барқ ҳам овардаанд. Шароитҳо муҳайё. Ҷои дилпур, бехавф, бехатар. Борҳо дуздону ғоратгарон пайи дастгир кардани Мирзомурод, ки ӯро халтаи пул ҳам мегуфтаанд, афтодаанд, кофтаанд, пайт ҷустаанд.
Вале тирашон хок хӯрда. «Ӯ ба замин даромада ё ба осмон рафта?» гуфта ноумед мегаштаанд. Ҳоло сиёҳдарагиҳо дар ҷустуҷӯи ӯ. Бобои Абдукаримро ҳам гум кардаанд. Ӯ ҳодисаи ба сараш омадаро ба Мирзомуроди ҷиянаш ҳикоят кард. Вай парешон гашт. Хомӯш монд. Баъд бо ранги рӯи канда ба тағояш гуфт, ки кори хуб карда, ки ин ҷо омада. Ҳатто таскину тасаллиаш дод, ки дилаш пур бошад, онҳоро намеёбанд.
– Ба ҷонам, ба номи Худо, Мирзомурод, амон бахшидӣ.
Ноилоҷ будам, роҳи дигар надоштам. Агар ҳамин фикр, ҳамин паноҳгоҳи ту, ба хаёлам намеомад, ҷиян, мекуштанд, мепарронданд, мурдаамро сагҳо мехӯрд, – дар чашмони бобои Абдукарим қатраҳои об чарх заданд. Вай давом намуд:
– Маро бубахш, Мирзомурод, ғами ҷони худамро хӯрда, ҳамин корро кардам, хуб накардам. Лекин гуфтам-ку, бачам,
– аз меҳрубонӣ «бачам» гуфт ӯро. Дар хиҷолат монда буд барои кори кардааш бобои Абдукарим. Вале Мирзомурод тағояшро боз ва боз таскину тасаллӣ дода, гаштаю баргашта таъкид мекард, ки кори хуб кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо