Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бобои Абдукарим чанд рӯз дар паноҳгоҳи ҷиянаш зист ва баъде ки ӯ аз назари сиёҳдарагиҳо ғайб зад ба онҳо сим назад, чӣ тохтутозе карданд дар ҳавлии Мирзомурод, намедонист, ба ӯ маълум набуд. Ва баъд фаҳмид, ки сиёҳдарагиҳо хабари омад-омади ҳукуматиҳоро шунида, аз деҳа рафтаанд, гурехтаанд.


Дар дидагони Барзу хоб намеомад, чашм мепӯшиду пеши назараш Мустафо менамуд. Ӯ бо вай дар хархаша, дар мағал, боз ҳамон гапҳояшро мегуфт: «Парон, парон, лекин ҳамина дон, ки одамони аз дасти ту ин ҷо кушташуда, домангират мешаванд, раҳоӣ намеёбӣ. Якеаш худи ман, аз Худо умед дорам, дар пеши рӯт пайдо мешавам, оромидан наметавонӣ, девона, ҷиннӣ мешавӣ, ба Худо ҳамин хел мешавӣ. Аз хотир набарор, дар ёд дор, дар ёд дор!»
Беҳуда набуда гапҳои ӯ, аз даме вайро парронду роҳ гирифт, ҳолаш ҳамин. Дар сараш ғалоғула, эшони Саидҷалолхон, духтараш Малика, арӯси таги чодару шаҳбача, ҳофиз, бачаҳои Болооб… Кадом яки онҳоро ном бурда метавонад?
Наметавонад, беҳисобанд, ҳама домангир, даъвогар, нолаю ғирев, зорию илтиҷо, зӯрию сиёсат. Зӯраш ҳамон генерал, ки то мурдан милааш хам нахӯрд, тан надод, туву ман кард. Мустафо белро бардошта ба ӯ мегӯяд: «Дар хотир дор, ҳамин гапи мана фаромӯш накун: Ана, бо ҳамин бел гӯри худатро меканӣ, дар ҳамин ҷо, дар Дараи Марг!» Наход ҳамин хел шавад, гапашро аз даҳонаш шамол барад. Тарсид дуои бади Мустафоро ба хотир оварда, сахт тарсид. Маргашро тасаввур карда наметавонист.
Се рӯз боз аз хона намебарояд, «телехҳояш» дар рӯи ҳавлӣ, дар дами дарвоза, Шарифи Ҷарпар дар паси дар. Гоҳе модар ба сари болини ӯ меояд, як бор не, даҳҳо бор. Ҳазор ҷанг кунад, носазо гӯяд ҳам, модар модар аст, дилаш месӯзад, «дили модар ба бачаю дили бача ба кӯча».

пешина
аз 234
навбатӣ