Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ гап шудааст ба ту? Хоб намеравӣ, дар хобат гап мезанӣ, аз ҷоят парида мехезӣ? – мепурсад аз ӯ вай.
Вале Барзу ба модар гапи рост гуфта наметавонад. Чи хел забонаш гардад, ки гӯяд: одам куштааст, динаҳак Мустафоро кушт, одамони куштааш домангираш шудаанд, пеши назараш меоянд.
– Хобам намебарад, оча! – ин чанд ҳарфро ба забон меорад.
– Дар тоқагиҳо мегардӣ, бачам. Мегӯм шабҳо ҳам тоқаӣ?
– Не, оча, – аз паси дар овози Шарифи Ҷарпар шунида мешавад ва ӯ боз мегӯяд:
– Акама ман танҳо намемонам.
– Ҳамин хел кун, бачам, садқат мешам, – модар аз Шарифи Ҷарпар ризоят дошт.
– Ё, бачам, аз ягон ҷо тарсидӣ? Аз пеши хокистартӯдаҳо, аз таги дарахтҳои сабз мегузарӣ, пеши қабристонҳо қатӣ мебиёӣ. Хаёл мекунӣ, ки ҷину аҷинаҳо нестанд, пуранд. Мани кампир аз онҳо метарсаму… – Модар ба Барзу муроҷиат кард:
– Мегӯм, як дуохонӣ кунемта, устухони ту бо дуохонӣ шах шудааст. Сарат дард мекарду мулло Мурода меовардем.
Барзу чанд лаҳзае хомӯш буд. Хоҳиши модар беҷо набуд.
Вале ӯ коре кард, ки аз домулло Мурод ҳам монд. Фуки домулло аз вай тоб хӯрдааст. Дар роҳу рӯ Барзуро бинад, салому алайк намекунад. Модар намедонад, дар ин ду-се шаб барои хобаш бурдан аз чанги Мустафо ва рӯҳҳои бисёр халос шудан чи корҳое накард. Рафиқонаш гуфтанд, ки арақ хӯрад, як шиша не, се-чор шиша холӣ кард, нафъ наовард. Аз он сахттаракош – героин истеъмол кард. Ба худ наомад. Шарифи Ҷарпар вайро пеши холаи аловгардон бурд. Соҳиба-хола якта намонда, як қабза нӯкчаи аловдорро гирди сараш гардонд, аловпарак ва алас кард, лек Мустафо боз пеши назараш. «Ман туро осуда намемонам, гуфта будам-ку, бовар накардӣ. То мурданат ҳамроҳат ҳастам, дар он дунё ҳам домангират мешавам», – мешунавад овози вайро.
Бале, модар рост мегӯяд, ҳамин дуохонӣ мондааст, шояд нафъ меорад, шояд аз Мустафо, аз рӯҳҳо, аз онҳое, ки пеши пойҳояш афтода зорию илтиҷо мекарданд, ки накушадашон, халос мешавад.

пешина
аз 234
навбатӣ