Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ гуфтӣ, оча? – ниҳоят Барзу аз фикру хаёлҳо ба худ омад.
– Мегӯм, дуохонӣ кунемта, бачам.
– Ихтиёратон.
– Канӣ мулло? Муллоя аз куҷо меёбем?
– Мулло Мурод намурдаст-ку.
– Боз мулло Мурод мегӯӣ? Ту ба вай чӣ кардӣ? Аз хотират баромад? Мардака шармандаи ин дунёю охират кардӣ?
– Чӣ кардам?
– Ришашро канда ба дасташ додӣ? То рӯзе ҳаст, вай туро намебахшад. Мардак миёни мардум шарманда шуд. Ҳама, хурду калони деҳа туро дуои бад мекунанд.
– Рав, оча, гӯй, ки бачам, Барзу туя ҷеғ мезанад. Дуохониаш мекунӣ гӯй.
– Ман намеравам, вай гапи мана намегирад. Чанд маърака кардем, наомад. Дар иду арафаҳо ҳам дигар хонаи мо намеояд
– Мебиёя, як мебиёя, ки…Ҷарпар! – Шарифро садо кард Барзу.
– Лаббай, чӣ меге, ака?
– Мулло Мурода биёр, бугӯ, ки срочно ҳозир шава.
– Хуб, ака, ба чашм, ака. Ҳамин лаҳза мебиёрумша.
– Агар не-пе гӯя, бупаронша.
Мулло Муродро бо зӯри силоҳ оварданд. Ришашро тарошида будааст, акнун гирди лабону манаҳаш риш дамида.
Табъаш хира, аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт.
– Домуллобобо, дуо хон.
– Чӣ гап шудааст?
– Одамони паррондагиам рӯз наметиян, хоб рафтан намемонан, тарсида-тарсида бедор мешавам.
– Ҳамин хел мешавад, дар қиёмат ҳам ҷавоб мегӯӣ.
– Домуллобобо, ин гапҳоя мону ҷину аҷина, рӯҳ пӯҳҳоро аз тани ман дур кун.
– Аз дасти ман намебиёяд. Худованд медонад.
– Гапа кам кун, домулло, дуота хон, аз таҳти дил хон, набошад медонӣ-а? – Барзу сиёсат кард.
Мулло Мурод аз ночорӣ бо дили чун пушти дег сиёҳ сари болини Барзу нишаста ӯро дуо мехонд ва, аз афташ, бо ҳар куфу суф гуфтан зери лаб «Худоё, Худовандо, ҳолат аз ин бадтар шавад, омин», мегуфт.

пешина
аз 234
навбатӣ