Ишқи сархӯр

Чӣ рӯзҳое ба сари Барзу омада. Ҳамааш аз ҳамон рӯзе ки Мустафоро парронд. Айби худаш, лоч шуд, сергапӣ кард, даҳони ӯро кофт, ба тую манаш гӯш дод. Вай гап зада-гап зада ба мағзи сараш даромад. Пеш ба ҳеҷ одамони мекуштааш гӯш намедод, гап дар даҳонашон мемонд. Аммо бо Мустафо лақиду лақид. Гапҳояшро ӯ дар сари Мустафо ҷой кунонд.
Дигар аз ӯ халосӣ намеёбад, хобаш ҳаром шудааст, сараш гирд мегардад, дилаш беҷо мешавад, ҳисобаш гум, ғавғо. Бар замми ин байни силоҳдоронаш носозӣ. Махсуми Ҷонмаҳмад иғво хезондааст. Дар се-чор рӯзи аз хона берун нашуданаш ин одам як бор хабаргириаш наомад. Ҳамаро барои кадом як амалиёт бурдааст… Падарашро куҷо бурданд, чӣ рӯз дорад?
Ӯ бехабар. Хидиралӣ ҳам телефон намекунад, гуму гӯр шудааст.
Ӯ интизори хабаре аз Лолазор, аз падар.
Субҳгоҳон шунид, ки сиёҳдарагиҳо аз деҳа рафтаанд. Ба тани Барзу ҷон даромад, силоҳбадастонашро даъват кард. Дар баробари ҷустуҷӯи падар мақсади дигар ҳам буд ӯро.
Дар даромадгоҳи мактаби деҳаи Лолазор ба муаллими куҳансоле вохӯрд, риши сафеди паҳну парешонаш аз болои ҷомаи навпахтаи сиёҳ ба сандуқи синааш фаромада, дар сараш тоқии чоргули маҳаллидӯхт, муаллимро як сару либос ва афту андоме. Дар замони шӯравӣ ин хелҳоро дар дари мактаб роҳ намедоданд.
– Муаллим, – ӯро нидо кард Барзу.
– Лаббай, қумандон, – пешаш омад муаллим.
– Ҷӯраи мо ҳамин ҷо ҳаст?
– Кӣ?
– Директори мактаб, Хидиралӣ.
– Вай ҷӯраи шумо не, душмани шумо.
– Чиба ин хел мегӯӣ? Девона-ку нашуда бошӣ, муаллим.
Рав Хидиралиро ҷеғ зан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо