Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хидиралӣ нест, вайро бурданд.
– Кӣ бурд? Ту муаллим, ҳуш дорӣ, чиҳо мегӯӣ?
– Ман рости гапро мегӯям, – баъд давом намуд муаллим.
– Бачаҳои Сайидхони чӯпон ба деҳа даромада буданд. Бисёрӣ, беҳисоб буданд. Аз ҳама аввал ба мактаб омада «ту одами Барзу, ту хабаркаши вай»-гуфта, Хидиралиро гирифтанд, пешандоз карданд. Вай пеши пойҳои онҳо афтод, хоки қадамҳояшонро ба дидагон молид, гирист, ба сари фарзандон, ба Қуръони Карим қасам хӯрд, занам се талоқ гуфт.
Гуфт, ки агар аз баҳри як қошуқ хунаш гузаранд, ба онҳо хизмат мекунад.
– Баъд чӣ? Баъд чӣ? – Барзу бетоқат шуда буд.
– Ҷои падари Барзуро медонам, ҳозир ман шумоҳоро мебарам, баъд агар маро накушед, худи Барзуро ҳам барои шумо меёбам, – гуфт.
Хидиралӣ баъд пеш-пеши бачаҳои Саидхони чӯпон ба роҳ даромад.
– Оҳ, лаънатие, лаине, – ҳанӯз Барзу бовар намекард, ки Хидиралӣ ҳамин хел одам буда, ки нашинохташ, шинохта натавонист, нафаҳмид, море буда дар бағали Барзу, ки имрӯз заҳр зад.
– Ҳоло ӯ дар куҷо? Мардум, гап занед, куҷост вай?!
Паси дарвозаи мактаб пури одам, ҳама лолазориҳо. Ба хаёлаш, ки ба ҳоли вай механдиданд, сазоаш медоданд.
– Бачаҳо, мардум, гап занед! Вай дар куҷо? Куҷост вай? – девонавор дод мезад.
Барзу, дар ҳоле ки худро гум карда, аз чашмонаш оташи кину ғазаб мерехт, рӯ ба роҳи хонаи «ошно» мерафт, роҳе, ки беш равуо дошт.
Паси дарвозааш ки расид, ба осмон аз автомат тирҳо холӣ кард, ҳамроҳон пайрави Барзу буданд, нӯги автоматҳо ба осмон тир меандохтанд, қатори ӯ пой бар замин мекӯфтанд, Шарифи Ҷарпар пеш-пеш. Хонае намонда, ошхонаю оғил намонда, ки ӯ сар нахалонда.
– Муаллим, занта фалон, муаллим, дар куҷоӣ, баро! Ба ҳурмати он Худое, ки ҳастам кардаст, то кӯдаку чудакот, гову молот якта намонда мепаронам. Куҷое бошӣ, баро! Баро мегӯям, баро!

пешина
аз 234
навбатӣ