Ишқи сархӯр

Барзу ҳарчи зудтар дидори «ошно» – ро дидан мехост. Ӯ ташнаи хун, ташнаи хуни Хидиралӣ. Чашмонаш аз сар баромада, девона шуда ӯ. Вале Хидиралӣ пайдо набуд. Дарҳои хонаҳояш ба пушт кушода, нишоне аз аҳли хонавода намонда. Паяшон канда, ҳамаашон гум. Хидиралӣ ким-кайҳо ғамашро хӯрда. Як ҳавлии калону силоҳбадастони беҳисоб.
Ҳама ҳайрону маҳву мот, ки онҳо куҷо шуда. Барзу бори аввал чунин зарба хӯрд, зарбае, ки ҷисму ҷонашро мегудохт.
Зарба аз дасти Хидиралӣ, ки Мустафо ҳазор бор гуфт, вай бовар накард. Ана, боз сазояш медиҳад: «Фаҳмидӣ акнун, ки Хидиралӣ кист? Бо дасти ту вай маро, падарам ва бисёр бегуноҳонро кушт, баъди падарат навбат ба худат мешавад, бовар кун, вай ин корро мекунад, нафаҳмида мемонӣ, ки хоната месӯзад». Суханони Мустафо мисли мору каждумҳо мағзи сари Барзуро мехӯрданд, ӯро бедавою аз худ бехабартар мекарданд.
– Ака, – Шарифи Ҷарпар Барзуро ба худ овард. – Ин ҷо истоданамон фоида надорад. Таги замин ҳам даромада бошад, ин лаънатии Хидиралиро меёбам, зану кӯдаконашро ҳам меёбам. Лекин ҳоло мо бояд аз пайи халосии амакам шавем, дер не, ҳамин лаҳза ба ҷанг мебароем, кам нестем, метавонем, якта намонда ҳамаашонро мекушем.
«Қасос! Қасос!» – гуфта фарёд мезад Шарифи Ҷарпар. Қариб ҳама ҳамин ҳарфҳо дар забон фарёд мезаданд. Худи Барзу «қасос! қасос!» – гӯён наъра мекашид, ба худ омада буд ӯ.
– Рафтем, бо ман биёед, рафтем, – ғазаби Барзу афзуда рӯ ба роҳи мактаб гардонд. Силоҳдорони беҳисоб мисли мӯру малах аз кӯчаҳои деҳа мерафтанд, медавиданд. «Қасос!» – мешуниданд овозҳоро мардум.
Барзу ҳамаро ба толори калону боҳашамати мактаб хонд.
«Биёетон, ҷамъ оетон! Агар яктоатон худро ақиб мекашед, мепаронам, мекушам! Раҳмдилӣ, андешаю хотир дидан бас!»
– Баъде, ки силоҳдорон нафаре намонда дохили толор шуданд, ба касе ҷой шуд, ба курсиҳои қатор нишаст, ба касе ҷой намонд, рост истод. Толори калон ҷум-ҷуми одам мезад.
Барзу дар минбар, рӯ ба ҳозирин мегуфт:
– Бачаҳо, ба шумоҳо мегӯм, бачаҳо, гӯш куне, ки чӣ мегӯм!
Ҷудоиандоз душман, душмани қаттоли ману шумо, туғаш аз осмон амада бошад ҳам вайро зери по мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо