Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Наметарсем, мо якҷояем, мо бо ҳамем.
– Бо ҳамем! Бо ҳамем! – баланд шуда фарёдҳо дар толор, тарафдор ёфта Барзу, рӯҳу мадор гирифта Барзу, риштаи сухан ба даст гирифта, гӯшона ба махсуми Ҷонмаҳмад аррос мезад. – Ҷудоиандоз дар байни мо маълум, сафамон тоза мешавад, пагоҳ не, ҳамин рӯз, – боз ҳамон ҳарфу сухан дар забонаш: – Мо ҳама якҷояем, бо ҳамем, падари ман падари шумо.
– Падари шумо падари мо, ака, – овози Шарифи Ҷарпар дар алоҳидагӣ ҷарангос мезад.
– Ҷанг мекунем, ҷанг!
– Барои чӣ? Барои кӣ? – махсуми Ҷонмаҳмад аз ҷой бархост.
– Барои падарамон! – Шарифи Ҷарпар рост шуд.
– Падарамон кӣ?
– Намедонед, ака, – эҳтироми махсуми Ҷонмаҳмадро шикаста наметавонист ӯ. – Падари акаи Барзу падари мо ҳам ҳаст. Падарро мо бояд халос кунем.
– Бо ҷанг? Бисёр бачаҳо ҳайф мешаванд, ҷанг намекунем, ягон роҳи дигар меёбем.
– Чӣ роҳ? Ба ман гӯй, махсум, – Барзу пурбардорӣ кардан хост.
– Фикр мекунем, роҳашро меёбем, – гуфт махсуми Ҷонмаҳмад.
Барзу низ дар фикри роҳи силоҳдоронашро ба як ақида, ба ягонагӣ, боҳамӣ, дар фикри ҳамаро ба ҷониби худ муттаҳид намудан буд. Ба хулосае омад, ки:
– Шариф, – номи Шарифи Ҷарпарро ба забон гирифт. – Ин тараф биё, – ба наздаш, ба саҳна хонд. Шарифи Ҷарпар дар паҳлуи Барзу истод.
– Чӣ мефармоед, ака? – рӯ ба ӯ шуд.
– Аз ту сар карда дар вафодорӣ ҳамаро қасам медиҳам.
Пешакӣ байни ӯ ва қумандон маслиҳат шуда будааст, ки Шарифи Ҷарпар аз бағал шамъ баровард.
– Қасам хӯр, бо вафодориат исбот намо, ки ту маро мепарастӣ, аз баҳри ҷонат мегузарӣ. Ҳамин ҳозир, дар ҳамин ҷо, дар пеши назари ҳама.

пешина
аз 234
навбатӣ