Ишқи сархӯр

Шарифи Ҷарпар шамъро оташ дод, шӯълааш баланд шуд.
Дар як даст шамъи фурӯзон кафи дасти дигар рӯи оташи сӯзон бурд, кафи дасташ месӯхт, қатра-қатра равғани одамӣ рӯи оташ мерехт, дуд мебаромад аз кафи даст, бӯи пӯсту гӯшт. Шарифи Ҷарпар тоқат мекард ва рӯ ба ҳозирин мегуфт:
– Акаи Барзу, ба номи Худованд қасам, ба Қуръони Карим қасам, ба гӯшту пӯстам қасам, аз баҳри ҷисму ҷонам гузаштам, дар хизмати шумо мешавам, аз фармонатон намебароям, сарам фидои роҳи шумо, мур гӯед мемурам, зӣ гӯед, мезиям. Қасам. Қасам! Қасам!
Дасти Шарифи Ҷарпар месӯхт, оташ ба устухонаш мерасид, тоб меовард. «Қасам! Қасам!» овозаш баланд ва боз баландтар мегашт. Ҳама дар ҳайрат, ҳама маҳву мот, ки чӣ ҳодисае рух медиҳад, чӣ даҳшат, чӣ ҷабре ба ҷони одамӣ, ки на ҳар инсон тоб меорад, на ҳар силоҳдор ба худ ин ҷабрро раво мебинад, на, на, наметавонанд, ин хел қасам набояд хӯрд, ба ҷон ин хел ҷабр набояд кард. Наметавонанд. «На, на, ба номи Худо ин хел қасам хӯрда наметавонанд, чунин қасам намехӯранд».
– Бас! Бас!! Бародар, Шариф, ман аз ту миннатдор, ту ҷони ман, ҷигари ман, исбот кардӣ вафодориатро ба ман, исбот! – шамъи фурӯзонро аз дасти Шарифи Ҷарпар гирифт ва рӯ ба аҳли толор, ки ҳама ҳайратзада буданд, боз ба сухан сар кард Барзу: – Дидед-а? Шунидед? Ана ҳамин хел ҳама қасам ёд мекунед, дар итоати ман мешавед. Агар не, аз ҳамин толор берун намебароед. Қасам аз вафодорӣ, аз муттаҳидӣ, аз якҷоягӣ, аз ваҳдату ягонагӣ. Касе сар мепечад, бо ман намешавад, ҳамин ҷо кушта мешавад, рӯи ҳамин толорро мурда мегирад. Аҷали шумо дар ихтиёри ман. Худо ҳам, ки гӯед, лекин ман, ман қотили шумо, марги шумо, ба гӯш гиред, фаҳмед… – гап зада-гап зада аз ғояти ҷаҳл, оташинӣ аз худ бехабартар мешуд ӯ.
– Чӣ гуфтӣ, Барзу? – махсуми Ҷонмаҳмад барқосо аз ҷой парида хест ва боз суол кард: – Чӣ гуфтӣ? Такрор бикун гуфтаҳоятро, Барзу, боз як бори дигар ба забон биёр.
– Натарсон, махсум! Гуфтам, сад бори дигар мегӯям, ба ҳар ду гӯшат шунав, ки чӣ мегӯям! Наметарсам, мегӯям:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо