Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тараққо-туруқи дарвоза, «Нигора, баро, баро!» овозҳо.
Ғазаби падараш меомад. Як бегоҳирӯзӣ тоқат накард, аз тори тути назди дарвоза ба кӯча назар андохт. Дар берун бачаҳои Болооб, боз ҳамон бачаи шилқини беодоб, ӯ сардори ҳамроҳонаш. Мефармуд, пеш раванд, сари девор бароянд, дарвозаро зананд, духтарро садо кунанд. Худаш дуртар меистод.
Падари Нигора аз тори тут фаромаданӣ буд, ки ҳамин дам Сархӯр пайдо гашт. Аз тарафи роҳрави мактаб меомад. Бачаҳоро дида, дар ҷояш истод. Худо ба Сархӯри бекасу танҳо қаду қомат, тану тӯш дода. Қадаш аз ҳамаи ҳамсинфон баланд, бузбала, боқувват, гӯштингир, ба ҳамаи ҳамғулҳояш ғолиб. Боз дар шаҳр машқ ҳам карда, як худаш ҳисоби чанд касро мерафтааст, овозааш ба мактабҳои ҳамсоя рафта. Баъзе талабаҳои мактабашонро агар хонандагони мактабҳои дигар мезадаанд, номи вайро гирифта, таҳдид мекардаанд: «Ҳоло ист, Сархӯрро мебиёрем».
Сархӯр даме дар ҷояш истоду ҷониби сардори бачаҳо, ки дастҳо дар миён, дар сари роҳ асо барин рост меистод, омад, ӯ танҳо, рафиқонаш ба дару девор, дарвозаи Нигораашон наздик мешуданд.
– Ту Сармисоқ ном дорӣ? – довталабона пурсид Сархӯр аз ӯ.
– Ҳа, ман Сармисоқ, номамро аз куҷо медонӣ?
– Ман туро кофта мегаштам.
– Чӣ мекардӣ, чӣ мегуфтӣ? Ана, ман Сармисоқ.
– Ҳозир зада, ба замин яксонат мекунам, ё ҳамроҳонатро ҳам ҷеғ мезанӣ?
– Аз касе, ки номи маро шунидӣ, баъд напурсидӣ, ки Сармисоқи болообӣ кӣ? Нагуфтанд? Ман ту баринҳо, боз чандинтои дигаратро рӯиҳам мезанам, мекушам. – Паст наомад Сармисоқ ва даст ба ғилофи корд бурд, ба сари Сархӯр даст бардошт. Дасташ дар ҳаво монд. Сархӯр чи гунае ӯро зад, ки рӯи замин дароз кашид, чанд ғел хӯрд. Ҳамроҳонаш ҷониби вай давиданд. Вале чун наздик расиданд, шасташон паст гашт.
– Сархӯр, акаи Сархӯр! – вайро шинохта дастҳо пеши бар истоданд ва баъд ҳамроҳон аз дастони Сармисоқ дошта, ӯро хезонданд.

пешина
аз 234
навбатӣ