Ишқи сархӯр

Тавбаю надомати бачаҳо назди Сархӯр сар шуд. Падари Нигора оҳи сабуке кашида, аз болои тут фаромад. Модари Нигора нақли шавҳарашро шунида боз ба забон омад:
– Магар Фурқат ҳам ҳамин хел рафтор карда метавонад, барои Нигора оби шикамашро меҷунбонад?
– Фурқат ҳам бачаҳоро дида буд, – хандид падари Нигора рости гапро гуфта. Боз афзуд, ки Фурқат бачаҳоро дида, дарвозаашонро аз дарун қулф андохта будааст.
– Дадаш, Нигораро ба Сархӯр диҳем, чӣ кори хубе – ниҳоят модари Нигора мақсадашро назди шавҳар ошкор сохт.
– Сархӯр Нигораро намегирад, аз рӯи шунидам вай хонданӣ мерафтааст.
Падар рост мегуфтааст, дар ҳақиқат Сархӯр баъди хатми мактаб хонданӣ рафтанӣ. Модари Нигора, ки бо супориши шавҳар баҳри шунидани хабари «ҳа» ё «не»-и ҷавон ба хонаи онҳо рафта буд, ҳамин хел хабар овард, хабари барои Нигора нохуш, гарону дардовар. Вале чӣ илоҷ, ки ҳамин тавр буда тақдири ӯ. Сархӯр зангир набудааст.
Падару модар рӯи суфа, гирди хонтахта андешаманд менишастанд. Нигора хиҷилу рӯҳафтода. Модар боз таъкид намуд, ки хабари «не» – ро аз забони худи Сархӯр шунидааст, азмаш барои хонданравӣ қатъӣ будааст.
Ҳамон рӯз хабари «Нигораро намегирам» гуфтани Сархӯр дар деҳа паҳн шуд. Ин хабар ба Фурқат ҳам расид ва ҳамон лаҳза ба ҳавлии Нигораашон об омад, рахнаи обро кушоданд.
Номи Сархӯр дар маъракаи хонаи бобои Ӯзбакхоҷа вирди забонҳо буд, ки нафаре аз ҷой бархост:
– Шунидед, ки дар деҳа чӣ гап?
– Чӣ гап?
– Бачаҳо ҳама ғалтидаанд, ғайри Сархӯр.
Мӯйсафеди хушгапе аз ҷояш парида хест.
– Алахонум кардӣ, Зиёвиддинҷон, бачаҳо аз чӣ ғалтидаанд? Аз хар, аз асп? Ё дар гӯштин?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё