Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо намедонист, ки он ҷавон ва духтари дигар, ки овозашонро шунид, кӣ буданд?
Ин олиҳаро партофта рафтаанд? Чӣ бераҳмие, чӣ ҷаҳолате.
Ва ҳам чӣ сирру асроре?


1 Кампири Санамро гӯё дарди сӯзмол8F гирифта, лаҳзае дар ҷояш шишта наметавонист, ҳар дам ба хона даромада мебаромад. Ҳушу хаёл ба бачааш. Рӯз торик, осмон пурситора шудаю аз ӯ дараке не. Ин хел одат надошт, офтоб напарида бо як бори хар ҳезум аз дарвоза медаромад. Имрӯз ба ҷое рафта, ки дили модар меларзид. «Бачаи беақл, ҷари Говкуш ҷое, ки ба ҳезум равӣ? Аҷал аст ҷар, аҷал. Агар мардум наметарсиданд, вай дарахтони сабилӣ он ҷо мемонд? Дар солҳои беҳезумӣ ҳам ба дарахтони ҷар кордор нашуданд. Худо нишон надиҳад, вай бандаи бадавлат нест». Ба ҳазор фикру хаёл афтода буд, ки ҳарду табақаи дарвоза шараққос боз гашту аввал маркаб, аз паси он Сархӯр ба ҳавлӣ даромад. Сархӯр банди маркабро тарафи дари хона кашид. Бори улав вазнин, ором намеистод, сумак мезад.
– Дер кардӣ, бачам?
– Шаб шавад, баъд ба деҳа дароям гуфтам.
– Барои чӣ?
– Ҳозир гап мезанам, келин овардам, оча, келин, – хурсандӣ дошт Сархӯр. – Биё, пеш биё, оча, келинта фарорем.
– Шӯхӣ накун, бачам.
– Шӯхӣ намекунам, оча, Худо зуволаи бачата мӯл кардааст, дар роҳи рафтааш ҳам як чӣ меёбад, Ана, худат бин.
– Чиро бинам? Дар торикӣ ҳеҷ чиро намебинам.
– Мебинӣ, оча, ёрдам расон, оча. – Духтарро, ки болои дарзаҳои ҳезум хобонда, рӯяшро бо ҷелак пӯшонда буд, бо модари ҳайратзада бардошта дар оғӯш гирифт. – Хона даро, оча, ҷой соз кун.
Духтарро очаю бача рӯи чанд қабат кӯрпача хобонданд.
Бечора талх-талх нолиш мекард, аммо ба гап набуд.

1 Дарди бедаво Баъд суолу ҷавоби беҳисоби модару бача сар шуд.

пешина
аз 234
навбатӣ