Ишқи сархӯр

Кафҳои даст, панҷаҳояш обила задаанду хуншор, дарду сӯзишашон беҳисоб.
Бандҳоро гиреҳ андохта – гиреҳ андохта, ваҷаб ба ваҷаб худ ва духтарро боло мекашид. Рӯ ба роҳ аст, роҳи ҳаёт. Саҳар, вақти офтоббаро ҳезум гуфта, ин ҷо омада буд. Рӯз рафта, канӣ ҳезум? Офтоб ҳоло дар куҷои осмон? Рӯз чӣ вақт шуда? Мисле говгум. Шаб меояд, салобати шаб, торикии ҷар ваҳмовар. Шаб дар ҷар намонанд, не, бояд ин тавр нашавад. Меҷунбад, ҷон аз худ нагуфта меҷунбад. Ҷоннисорӣ, ҷон кандан бенатиҷа намонда. Хаста шудааст, сару рӯяш арақшор, об мехоҳад, кому ҳалқаш хушк, об, дилаш об меҷӯяд. Тоб меорад, тоқат мекунад, вай ҳамон Сархӯр, Сархӯри азобу азиятдида, ҷафокашида аст. Ниҳоят, ба чашмаш равшанӣ хӯрд, офтобро дид. Дид, ки ба лаби ҷар расидааст. Берун омад аз ҷар. Ҳамроҳи духтар дар лаби ҷар, дар олами равшан, офтоб дар дами ғуруб, вале охирин нурҳои он рӯи сабзаҳо гулрезӣ доранд. Сабзазорон, офтоб, олам зебо, баҳор зебо. Бандҳоро аз тани худ ва духтар кушод.
Болои сараш дарахтҳое, ки ба онҳо банд андохта буд, гӯё раҳмат мегуфт ба дарахтон, ба онҳое, ки дарахтонро шинондаанд, ҷондастгираш дарахтон. Духтар назди Сархӯр рӯи сабзаҳо беҳушу беёд.
Сархӯр дар талоши аз ҷар баровардан ба рӯяш назар ҳам наафкандааст, беҳолу хаста дар паҳлуяш дароз кашидааст, нафас кӯтоҳӣ дорад, дар дасту пойҳо мадор намонда. Ҳамин тарз хело рӯ ба осмон хобид, баъде, ки андак куфтагӣ баромад, нимхез шуду рӯ ба духтар овард, нигоҳаш дар рӯи ӯ дармонд. Чи олиҳаи зебое, чашму абрувон сип-сиёҳ, мижгонҳо тора-тораи зарандуд, рӯй сафеди ширчойнамо, ин қадар дилпазиру дилкаш, лабон дар табассум ширин, мегӯӣ чашм аз дидораш наканӣ. Духтар ба ҳуш меомад, ки табассумаш ширинтар гашт. Чӣ ганҷинаеро аз марг раҳонда, аз ҷар бурун оварда Сархӯр. Дунёе барояш насиб, андаке хам шуд, беихтиёр ӯро бибӯсид, дар умраш ягон духтарро набӯсида буд. Лек ин духтарро бӯсид, бо амри дил бӯсид, ширин буда бӯса. Ба ҳуш будааст духтар, тарҳи рӯяш дигар гашт, нафоридаш. Вале табъи Сархӯр хуш. Ӯ имрӯз барои модар аз ҷар ҷони зинда мебарад, «Келин овардам, оча, келин!». Маркабашро пеш овард, чӣ хубе, ки духтар зинда монда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё