Ишқи сархӯр

То он сӯи об масофа зиёд не, 15-20 қадам, вале аҷал ҳам наздик, шоху навдаҳои як беди лаби сангоб рӯи об хамидаанд. Агар наздик шавад, даст ба навдаҳои онҳо мебарад, медорад. Об ҷониби дарахтон гаштааст, бехи чанди онҳоро кома кардааст, фашшос мезанад, садои аҷал, аммо ба ҳар ҳол Сархӯр боумед. Ҳамин, ки наздики дарахте шавад, даст дароз мекунад, «дастама гир» – мегӯяд, ҷондастгираш дарахтҳо.
– Ба об медароем, – аз дасти Лутфия дошт.
– Наметарсӣ?
– Ҳамроҳи ту наметарсам, бо ҳам аз ҷар баромадем, аз об ҳам мебароем.
– Чӣ хел?
– Пуштора мекунам.
– Метавонӣ? Ман вазнин.
– То хонаатон ҳам, ки гӯӣ пуштора мекунам, хурсанд мешавам, Худо мегӯям ҳамеша дар пуштораам бошӣ, аз они худам бошӣ.
– Ин хел нагӯй, гуфтам-ку дилам намебардорад, шӯхӣ накун.
– Биё, ҷонам, – назди як санги баланд истод, хаёл дошт, ки барои «ҷонам» гуфтан гап мешунавад, вале Лутфия дам назад, болои санг баромада ба пушти Сархӯр часпид, ба гарданаш даст андохт, дастони нозуки духтар дар гарданаш печиданд.
– Чашмонатро пӯш! – шунид овози Сархӯрро, ҳарчанд, ки садои об баланд, сангҳо қасар-қасар ба ҳам мехӯрданд, санг меғелонд об. Сархӯр ба дарунтари об даромад, боз қадам монд, пойҳояш рӯи санге лағжиданд, қариб афтод. «Натарс, ҷон, натарс», гуфту оҳиста-оҳиста пеш мерафт. Лаҳзае духтар чашм кушод, ки қариб ба беруни сангоб расидаанд, дарахтҳо наздик, талош, саъю талоши Сархӯр ҷониби онҳо, вале об гузар намедод, онҳоро дарунтар мекашид, селоб ҷон дошт, ки морвор гирди бачаю духтар мепечид, нияташ бад, онҳоро аз пой афтондан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё