Ишқи сархӯр

Лутфия духтари шаҳр, ӯро парвое не. Инчунин аҳамият намедиҳад, ки Сархӯр аз банди пойҳои вай, аз тану бадан, аз пешобағали кушодааш чашм намеканад. Ҳар гоҳе пояш ба чуқурие равад ё пешпо хӯрда афтад, даст дароз мекард Сархӯр, ӯро медошт. Паҳлу ба паҳлуи ҳам ба лаби сангоб расиданд, оби сангоб дамиш хӯрда сел меомад. Сархӯру Лутфия қад-қади сангоб болою поин давида ҷои тунукоб мекофтанд.
– Гузашта намешавад, ақиб мегардем, роҳ қатӣ меравем.
– Ба Фахрӣ ҷон азиз набуд, худашро аз ҷар партофт.
– Вай худашро аз ҷар напартофтааст.
– Нашунидӣ тағоям гуфтанд, дина ҷанозааш буд.
– Ман дар танаи ҷар будам.
– Туро сари гӯраш мебарам, мебинӣ.
– Аз об гузашта намешавад.
– Метарсӣ?
– Об ки бисёр шуд, говро меафтонад, мошинро чапа мекунад.
– Ман мегузарам.
Сархӯр ҳис намуд, ки духтар аз раъяш намегардад, ҳамин ҳозир пеши назараш ба об медарояд. Ӯро наҷот дода буд, ҳоло наметавонад, об ҷои бозӣ не. Ҳардуяшонро мебарад, мурдаҳояшонро намеёбанд. Сангоб ба Кофарниҳон мерасад,
1 ана, баъд дар оби қиёмат13F мурда кобу мурда ёб. Чӣ беақлие дорад Лутфия, ки агар дасту пояшро ба занҷирҳо бандӣ ҳам аз роҳаш намегардад. Аҷал дар дилаш васваса андохтааст, об аҷали ӯ, сӯяш давида истодааст. Сархӯр чӣ кор кунад? Ба ҳолаш гузораду равад? Куҷои ин одамгарӣ, ҷавонмардӣ?
Ҳайф мешавад. Чӣ қадар вай зебо, ба дил ширин кардааст ӯро. Аз вай ҷудо намешавад, дар ин дунё ёфтагиаш ҳамин духтар мешавад, ҳамроҳаш рӯ ба марг меравад, вале маргро намехоҳад, на, на, намехоҳад. Дар хона модари зору танҳо дорад, чашм ба роҳи бачааш. Зиндагӣ мехоҳад, борҳо бо марг ғолиб омадааст, ҳамон Сархӯр аст. Шикастарӯҳ намешавад, аз об мегузарад, духтарро ҳам мегузаронад.
1 Ба маънии оби бисёр Панҷаҳояшро мушт кард, дар тарҳи рӯ ҳисси ғазаб, сангҳоро бо лагад мезад, тарақотуруқи сангҳо ба фалак, қадқади сангоб болою поин давид, ҷои тунукоб ҷуст, назараш ба он сӯ, лаб-лаби сангоб ягон-ягон дарахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё