Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Пас аз бора Рӯдоба овоз дод,
Ки «Эй паҳлавонбаччаи гурдзод,
Кунун зуд бартозу баркаш миён,
Бари шер бикшову чанги кайон,
Бигир ин сияҳгесу аз як суйам,
Зи баҳри ту бояд ҳаме гесуйам,
Бад-он парваронидам ин торро,
Ки то дастгирӣ кунад ёрро!»
Нигаҳ кард Зол андар он моҳрӯй,
Шигифт омадаш з-ончунон гуфтугӯй,
Бисоид мушкин камандаш ба бӯс,
Ки бишнид овози бӯсаш арӯс!
Чунин дод посух, ки «Ин нест дод,
Чунин рӯз хуршед равшан мабод,
Ки ман дастро хира бар ҷон занам,
Бар ин хастадил тезпайкон занам!»
Каманд аз раҳӣ бистаду дод хам,
Биафканд хору назад ҳеч дам,
Ба ҳалқа даромад сари кунгура,
Баромад зи бун то ба сар яксара,
Чу бар боми он бора биншаст боз,
Биомад парирӯву бурдаш намоз,
Гирифт он замон дасти Дастон ба даст,
Бирафтанд ҳарду ба кирдори маст,
Фуруд омад аз боми кохи баланд,
Ба даст-андарун дасти шохи баланд,
Суи хонаи зарнигор омаданд,
Бад-он маҷлиси шоҳвор омаданд.
Биҳиште буд ороста пур зи нур,
Парастанда бар пой бар пеши ҳур.
Шигифт андар он монда буд Золи Зар
Бад-он рӯю он мӯю он зебу фар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё