Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Паёми падар шоҳ Нӯзар бидод,
Ба дидори ӯ Соми ял гашт шод,
Чунин дод посух, ки «Фармон кунам,
Зи дидори ӯ ромиши ҷон кунам!»
Ба шодӣ сар омад шаби дерёз,
Чу хуршеди рахшанда бикшод роз,
Хурӯши табира баромад зи дар,
Ҳаюни таковар баровард пар,
Суи боргоҳи Манучеҳршоҳ
Ба фармони ӯ баргирифтанд роҳ…
ОМАДАНИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
…Биомад сипаҳдор Соми сутург
Ба назди Манучеҳр – шоҳи бузург,
Ба шоҳ офарин кард он беҳамол,
Ҳаме хост гуфтан зи Меҳробу Зол,
Ки шоҳи ҷаҳон пештар баргирифт,
Суханро ба рӯи дигар баргирифт.
Чунин гуфт бо Сом шоҳи ҷаҳон,
К-«Аз эдар бирав бо гузида меҳон,
Ба Ҳиндустон-андар оташ фурӯз,
Ҳама кохи Меҳробу Кобул бисӯз!
Набояд, ки ӯ ёбад аз ту раҳо,
Ки ӯ монда аз тухмаи аждаҳо!
Замон то замон з-ӯ барояд хурӯш,
Шавад ром гетӣ пур аз ҷангу ҷӯш.
Ҳар он кас, ки пайвастаи ӯ бувад,
Бузурге, ки дилбастаи ӯ бувад,
Дигар он ки аз тухмаи ӯ бувад,
Зи пайванди Заҳҳоки ҷоду бувад,
Сар аз тан ҷудо кун, заминро бишӯй
Зи пайванди Заҳҳоку хешони ӯй!»
Бад-ӯ шоҳ чун хашму тезӣ намуд,
Наёрист он гаҳ сухан барфузуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё