Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бибӯсид тахту бимолид рӯй
Бар он номвар муҳри ангушти ӯй,

Бад-ӯ дод посух, ки «Эдун кунам,
Ки кин аз дили шоҳ берун кунам!»

Суи хона бинҳод сар бо сипоҳ
Бар он бодпоёни пӯяндароҳ.

РАФТАНИ СОМ БА ҶАНГИ МЕҲРОБ

Ба Меҳробу Дастон расид ин сухун,
Ки шаҳ бо сипаҳбуд чи афканд бун.

Баромад ҳама шаҳри Кобул ба ҷӯш
В-аз айвони Меҳроб бар шуд хурӯш.¹

Чу Синдухту Меҳробу Рӯдоба низ
Ба навмед гаштанд аз ҷону чиз.

Хурӯшон зи Кобул ҳамерафт Зол,
2
Фурӯ ҳишта лафчу бароварда ёл,

Ҳамегуфт: «Агар аждаҳои дижам
Биояд, ки гетӣ бисӯзад ба дам,

Чу Кобулситонро бихоҳад бисуд,
Нахустин сари ман бибояд дуруд!»

Шитобон ҳамерафт, пурхун ҷигар,
Пурандеша дил, пур зи гуфтор сар.

Чу огоҳӣ омад ба Соми далер,
Ки омад зи раҳ баччаи наррашер,

Ҳама лашкар аз ҷой бархостанд,
Дирафши Фаридун биоростанд.

Або нойу кӯсу табира шуданд,
Сипоҳу сипаҳбуд пазира шуданд.

Ҳама пушти пилон ба рангин дирафш
Биороста сурху зарду бунафш.

Бар шуд – баромад.
Лафч – лафҷ, лаби ғафс.

пешина
аз 345
навбатӣ