Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳама мардум аз доди ту шодмон,
Зи ту дод ёбад замину замон.
Магар ман зи доди ту бебаҳраам
В-агарчи зи пайванди ту шуҳраам,
Яке мурғпарвардаам хокхӯрд,
Зи гетӣ маро нест бо кас набард.
Надонам ҳаме хештанро гуноҳ,
Ки бар ман касеро ба бад ҳаст роҳ,
Магар он ки Соми ял астам падар,
Агар нест бо ин нажодам ҳунар.
Зи модар бизодам, биандохтӣ,
Ба кӯҳ-андарам ҷойгаҳ сохтӣ.
Фикандӣ ба тимор зояндаро,
Ба оташ супурдӣ физояндаро.
На гаҳвора дидам, на пистони шир,
1
На аз ҳеч хушшӣ маро буд вир.
Бибурдӣ, ба кӯҳе биафкандиям,
Дил аз нозу ором баркандиям.
Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,
Ки аз чи сапеду сиёҳ аст ранг?
Кунун, к-ам ҷаҳонофарин парварид,
Ба чашми худоӣ ба ман бингарид,
Ҳунар ҳасту мардиву теғи ялӣ,
Яке ёр чун меҳтари кобулӣ.
Або тахту бо тоҷу гурзи гарон
Або ройу бо тоҷдорон сарон
Нишастам ба Кобул ба фармони ту,
Нигаҳ доштам ройу паймони ту.
Бигуфтӣ, ки ҳаргиз наозорамат,
Дарахте, ки киштӣ, ба бор орамат.
Зи Мозандарон ҳадя ин сохтӣ,
Ҳам аз Гургсорон бад-ин тохтӣ,
Вир – ёд, зеҳн, хотира.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё