Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нишастам ба Кобул ба фархунда рӯз,
Супурдӣ маро кишвари Нимрӯз,
Ки вайрон кунӣ кохи ободи ман,
Чунин дод хоҳӣ ҳаме доди ман?
Ман инак ба пеши ту истодаам,
Тани зинда хашми туро додаам,
Ба арра миёнам ба ду нима кун,
Зи Кобул мапаймой бо ман сухун,
Ки Меҳробу Кобул ба фармони туст,
Ба паймони ту несташ ройи суст.
Чи кард ӯ гуноҳу чи дидӣ аз ӯй.
Ки наздаш ба кина ниҳодӣ ту рӯй?
Дигар он ки гуфтӣ, ки бар коми ту
Кунам шуҳра андар ҷаҳон номи ту!
Бикун, ҳар чи хоҳӣ, ки фармон турост,
Ба Кобул газанде бувад, он марост!»
Сипаҳбуд, чу бишнид гуфтори Зол,
Барафрохт гӯшу фурӯ бурд ёл,
Бад-ӯ гуфт: «Оре, ҳамин аст рост,
Забонат бар ин ростӣ-бар гувост.
Ҳама кори ман бар ту бедод буд,
Дили душманон бар ту-бар шод буд.
Зи ман орзӯ худ ҳаме хостӣ,
Ба дилтангӣ аз ҷой бархостӣ.
Машав тунд, то чораи кори ту
Бисозам, кунам тез бозори ту.
Яке нома фармоям акнун ба шоҳ,
Фиристам ба дасти ту, эй некхоҳ!
Магар шаҳриёр андар ин достон
Ба роҳ ояд аз кинаи бостон.
Чу бинад ҳунарҳову дидори ту,
Наҷӯяд ҷаҳондор озори ту!»…
Бибӯсид рӯи замин Золи Зар,
Басе офарин хонд бар боб-бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё