Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу ду обгираш пур аз хун ду чашм,
Маро дид, ғурриду омад ба хашм.
Гумоне чунон бурдам, эй шаҳриёр,
Ки дорам магар оташ андар канор.
Ҷаҳон пеши чашмам чу дарё намуд,
Ба абри сияҳ бар шуда тира дуд.
Зи бонгаш биларзид рӯи замин,
Зи заҳраш замин шуд чу дарёи Чин.
Бар ӯ-бар задам бонг монанди шер,
Чунон чун бувад кори марди далер.
Яке тира алмоспайкон хаданг
Ба чарх-андарун рондам бедиранг,
Ба сӯи зафар кардам он тир ром,
Бад-он то бидӯзам забонаш ба ком.
Чу шуд дӯхта як карон аз даҳон-ш,
Бимонд аз шигифтӣ ба берун забон-ш,
Ҳам андарзамон дигаре ҳамчунон
Задам бар даҳонаш, бипечид аз он.
Се дигар задам бар миёни зафар-ш,
Баромад ҳаме ҷӯши хун аз ҷигар-ш
Чу танг андаровард бо ман замин,
Бароҳехтам говсар гурзи кин,
Ба нерӯи Яздони кайҳонхудой
Барангехтам пилтанро зи ҷой,
Задам бар сараш гурзаи говчеҳр,
Бар ӯ кӯҳ борид, гуфтӣ, сипеҳр.
Шикастам сараш чун сари жандапил,
Фурӯ рехт з-ӯ заҳр чун рӯди Нил.
Ба захме чунон шуд, ки дигар нахост,
Зи мағзаш замин гашт бо кӯҳ рост!
Кашафрӯд чун рӯди зардоб шуд,
Замин ҷои оромишу хоб шуд.
Ҳама кӯҳсорон пур аз марду зан Ҳаме офарин хондандӣ ба ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё