Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҷаҳоне бар он ҷанг наззора буд,
Ки он аждаҳо сахт патёра буд.
Маро Соми Якзахм аз он хонданд,
Ҷаҳоне ба ман гавҳар афшонданд.
Чу з-ӯ бозгаштам, тани равшанам
Бараҳна шуд аз номвар ҷавшанам.
Фурӯ рехт аз бора баргустувон
В-аз он заҳр буд чанд гоҳам зиён.
Бар он бум то солиён бар набуд,
Ҷуз аз сӯхта хору ховар набуд.¹
Гар аз ҷанги девон бигӯям-т боз,
Зи гуфтор он нома гардад дароз.
Чунону ҷуз он ҳар чи будӣ-м рой,
Саронро сар овардаме зери пой.
Куҷо ман чамонидаме бодпой,
Бипардохтӣ шери дарранда ҷой.²
Кунун чанд сол аст, то пушти зин
Маро тахтгоҳ асту аспам замин.
Ҳама Гургсорону Мозандарон
Ба ту рост кардам ба гурзи гарон.
Накардам замоне бару бум ёд,
Туро хостам низ пирӯзу шод.
Кунун ин барафрохта ёли ман,
Ҳамон захмкӯбанда кӯполи ман
Бад-он сон, ки буда, намонад ҳаме,
Бару гирдгоҳам хамонад ҳаме.
Камандам биандохт аз даст шаст,
Замона маро божгуна бибаст.
Супурдем навбат кунун Золро,
Ки шояд камарбанду кӯполро.
Ховар – хасу хошок.
Пардохтан – дар ин ҷо ба маънии холӣ кардан, ҷой додан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё