Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чи кушта, чи хаста, чи бигрехта,
Зи тан сози кина фурӯ рехта.
Ҳамоно, ки харвор понсад ҳазор¹
Бувад нуқраи хому зарри аёр.²
Зи пӯшиданиву зи густарданӣ,
Зи ҳар чиз, к-он бошад оварданӣ.
Ҳамоно шумораш надонад касе,
Зи моҳу зи рӯз ар шуморад басе.
Кунун то чи фармон диҳад паҳлавон,
Ки фархундапай боду равшанравон!»
Фиристода омад чу боди дамон,
Расонид нома бари паҳлавон.
Сипаҳбуд чу нома фурӯ хонд, гуфт,
Ки «Бо номвар офарин бод ҷуфт!»
Зи мужда чунон шод шуд паҳлавон,
Ту гуфтӣ, ки хоҳад шуд аз сар ҷавон.
Яке посухи нома афканд бун,
Бад-ӯ-дар зи ҳар дар фаровон сухун.
Сари нома кард офарини Худой,
Дигар гуфт, к-«Он номаи дилкушой
Ба пирӯзбахтӣ фурӯ хондам
Зи шодӣ бар ӯ ҷон барафшондам.
Зи ту буд шоиста хуб ин набард,
Бад-ин кӯдакӣ кор кардӣ чу мард,
Равони Наримон барафрӯхтӣ,
Ҳама душманони варо сӯхтӣ!
Аз уштур ҳамоно ҳазорон ҳазор
Ба наздат фиристодам аз баҳри бор.
Чу нома бихонӣ, сабук барнишин,
Ки бе рӯи ту ҳастам андӯҳгин.
Харвор – бори як хар; 300 кило.
Аёр (иёр) – меъёри холисии тилло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё