Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шутур бор кун, з-он чи бошад гузин,
Пас он гаҳ ба диж барзан оташ ба кин!»

Чу нома ба наздики Рустам расид,
Фурӯ хонду з-ӯ шодмонӣ гузид,

Зи ҳар чиз, к-он буд шоистатар
Зи муҳру зи теғу кулоҳу камар,

1
Ҳам аз лӯлуву гавҳари шоҳвор,
Ҳам аз дебаи Чин саросар нигор,

Гузиду фиристод зӣ паҳлавон,
Ҳаме шуд ба роҳ-андарун корвон.

Ба кӯҳи Сипанд-андар оташ фиканд,
Ки дудаш баромад ба чархи баланд

В-аз он ҷой баргашт дилшодмон,
Ҳаме шуд ба раҳ-бар чу боди дамон.

Чу огоҳ шуд паҳлави Нимрӯз,
Ки омад сипаҳдори гетифурӯз,

Пазира шуданро биоростанд,
Ҳама кӯю барзан биперостанд.

Баромад хурӯшидани карраной,
Ҳамон санҷ бо бӯқу ҳиндидарой

В-аз он ҷо ба айвони Дастони Сом
Биомад сипаҳдори ҷӯяндаком.

Ба наздики Рӯдоба омад писар,
Ба хидмат ниҳод аз бари хок сар.

Бибӯсид модар ду ёлу бараш,
Ҳаме офарин хонд бар пайкараш.

Сипаҳдор фарзандро дар канор
Гирифту бифармуд кардан нисор...

Лӯлу (луълу) – марворид, дур, гавҳар.

пешина
аз 345
навбатӣ