Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ман оям ба фармон бар ин кор пеш,
Зи баҳри ту дорам тану ҷони хеш!»
Чу Бежан чунин гуфт, Гев аз карон
Нигаҳ карду он кораш омад гарон,
Нахуст офарин кард мар-шоҳро,
Ба Бежан намуд он гаҳе роҳро,
Ба фарзанд гуфт: «Ин ҷавонӣ чарост?
Ба нерӯи хеш ингумонӣ чарост?
Ҷавон арчи доно бувад бо гуҳар,
Абе озмоиш нагирад ҳунар.
Баду нек ҳар гуна бояд кашид,
Зи ҳар шӯру талхӣ бибояд чашид.
Ба роҳе, ки ҳаргиз нарафтӣ, мапӯй,
Бари шоҳ хира мабар обрӯй!»
Зи гуфти падар Бежан ошуфт сахт,
Ҷавонмарди ҳушёру бедорбахт,
Чунин гуфт, к-«Эй боби пирӯзгар,
Ту бар ман ба сустӣ гумоне мабар!
Ту ин гуфтаҳо аз ман андарпазир,
Ҷавонам ба кирдору дар рой пир,
Сари хукро бигсилонам зи тан,
Манам Бежани Геви лашкаршикан!»
Чу Бежан чунин гуфт, шуд шоҳ шод,
Бад-ӯ офарин карду фармон-ш дод,
Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки «Эй пурҳунар,
Ҳамеша туӣ пеши ҳар бад сипар!
Касеро куҷо чун ту кеҳтар бувад,
Зи душман битарсад, сабуксар бувад!»
Ба Гургини Милод гуфт он гаҳе,
Ки «Бежан ба Ирмон надонад раҳе,
Ту бо ӯ бирав бо сутуру наванд,
Ҳамаш роҳбар бошу ҳам ёрманд!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё