Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

РАФТАНИ БЕЖАН БА ҶАНГИ ГУРОЗОН
Ва з-он пас бисечид Бежан ба роҳ,
Камар басту бинҳод бар сар кулоҳ,
Биовард Гургини Милодро,
Ҳамоварду ҳамрӯзи фарёдро,
Бирафт аз дари шоҳ бо юзу боз,
Ба нахчир кардан ба роҳи дароз,
Ҳамерафт чун шер кафафканон,
Сари гӯру оҳу зи тан барканон,
12
Зи чанголи юзон ҳама дашт ғурм,
Дарида бару дил пур аз доғи гурм.
Ҳама гардани гӯр хамми каманд,
Чи Бежан, чи Таҳмураси девбанд!
Тазарвон ба чанголи боз-андарун,
Чакон аз ҳаво бар суманбарг хун.
Бад-ин сон ҳама роҳ бигзоштанд,
Ҳама даштро боғ пиндоштанд.
Расиданд он ҷо, ки он беша буд
Ва з-он шоҳи гурдон пурандеша буд.
Чу Бежан ба беша барафканд чашм,
Биҷӯшид хунаш бар ӯ-бар зи хашм.
Гурозон гурезон, на огоҳ аз ин,³
Ки Бежан ниҳодаст бар бӯр зин.⁴
Чу омад ба наздики беша фароз,
Ҳаме ҷуст ҳар сӯй ҷанги гуроз.
Ба Гургини Милод гуфт: «Андар ой
В-агар на, ба як сӯ бипардоз ҷой,
Чу ман бо гуроз андароям ба тир,
Бирав то ба наздики он обгир,
1
Юз – ҳайвоне, ки барои шикор ром мекунанд.
2
Ғурм – гӯспанди кӯҳӣ.
Гуроз – хуки ёбоӣ.
Бӯр – асп; аспи сурхранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё