Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-он гаҳ ки аз беша хезад хурӯш,
Ту бардор гурзу ба ҷой ор ҳуш,
Ҳар он, к-ӯ биёбад зи чангам раҳо,
Ба як захм аз тан сараш кун ҷудо!»
Ба Бежан чунин гуфт Гургини гав,
Ки «Паймон на ин буд бо шоҳи нав.
Ту бардоштӣ гавҳару симу зар,
Ту бастӣ мар-ин размгаҳро камар,
Кунун аз ман ин ёрмандӣ махоҳ,
Ба ҷуз он ки бинмоямат ҷойгоҳ!»
Чу Бежан шунид ин сухан, хира шуд,
Ҳамон чашмаш аз рӯи вай тира шуд.
Ба беша даромад ба кирдори шер,
Камонро ба зеҳ кард марди далер,
Чу абри баҳорон биғуррид сахт,
Чу борон фурӯ рехт барги дарахт.
Бирафт аз паси хук чун пили маст,
Яке ханҷари обдода ба даст.
Ҳама ҷангро пеши ӯ тохтанд,
Заминро ба дандон барандохтанд.
Гурозе биомад чу Оҳармано,
Зиреҳро бидаррид бар Бежано.
Чу сӯҳони пӯлод бар санги сахт
Ҳаме суд дандони худ бар дарахт.
Барангехтанд оташи корзор,
Баромад ҳаме дуд аз он марғзор.
Бизад ханҷаре бар миёни бараш,
Ба ду нима шуд пилтан пайкараш.
Чу рӯбаҳ шуданд он дадони далер,
Тан аз теғ пурхун, дил аз ҷанг сер.
Сарон-шон ба ханҷар бибуррид паст,
Ба фитроки шабранги саркаш бибаст,
Ки дандонашон пеши шоҳ оварад,
Тани бесарон-шон ба роҳ оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё