Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БУРДАНИ ГАРСЕВАЗ БЕЖАНРО
ПЕШИ АФРОСИЁБ

Чу Гарсеваз омад ба наздики дар,
Зи айвон хурӯш омаду нӯшу хӯр,

Ғиревидани чангу бонги рубоб
Баромад зи айвони Афросиёб.

Саворон дару боми айвони шоҳ
Гирифтанду ҳар сӯ бибастанд роҳ.

Чу Гарсеваз он кох дарбаста дид,
Майу ғулғулу нӯши пайваста дид,

Бизад дасту барканд бандаш зи ҷой,
Биҷаст аз дар андар миёни сарой,

Биомад ба наздики он хона зуд,
Куҷо андар ӯ марди бегона буд.

Зи дар чун ба Бежан барафканд чашм,
Биҷӯшид хунаш бар ӯ-бар зи хашм.

Дар он хона сесад парастанда буд,
Ҳама бо рубобу набиду суруд.

Чу Бежан нишаста миёни занон,
Ба лаб-бар майи сурху шодикунон.

Хурӯшид Гарсеваз он гаҳ ба дард,
Ки «Эй хешнашноси нопокмард,

Фитодӣ ба чанголи шери жиён,
Куҷо бурд хоҳӣ ту ҷон з-ин миён?»

Бипечид бар хештан Бежано,
Ки «Чун разм созам бараҳнатано?

На шабранг бо ман, на раҳвори бӯр,
Ҳамоно, ки баргаштам имрӯз ҳур!

Куҷо Геви Гударзи Кашводагон,
Ки сар дод бояд ҳаме ройгон?

Ба гетӣ набинам ҳаме ёр кас,
Ҷуз Эзад маро нест фарёдрас!»

пешина
аз 345
навбатӣ