Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳамеша ба як соқи мӯза-дарун
Яке ханҷаре доштӣ обгун,
Бизад дасту ханҷар кашид аз ниём,
Дари хона бигрифту баргуфт ном,
Ки «Ман Бежанам, пури Кашводагон,
Сари паҳлавонону озодагон,
Надаррад касе пӯст бар ман, магар
Ҳаме серӣ ояд танашро зи сар
В-агар хезад андар ҷаҳон растахез,
Набинад касе пушти ман дар гурез!»
Пас он гаҳ ба Гарсеваз овоз кард,
Ки «Бо ман чунин бахти бад соз кард!
Ту донӣ ниёгону шоҳи маро,
Миёни ялон пойгоҳи маро.
Агар ҷанг ҷӯед, ман чангро
Ба хун шуста дорам ҳаме ҷангро!
Зи тӯрониён ман бад-ин ханҷаро
Бибуррам фаровон саронро саро!
Гарам назди солори Тӯрон барӣ,
Бихонам бар ӯ достон яксарӣ,
Ту хоҳишгарӣ кун маро з-ӯ ба хун,
Сазад, гар ба некӣ шавӣ раҳнамун!»
Нигаҳ кард Гарсеваз оҳанги ӯй,
Ба ҷанг-андарун тезии чанги ӯй,
Чу донист, к-ӯ ҷанг ҷӯяд ҳаме,
Ба хун рехтан даст шӯяд ҳаме,
Вафо кард бо ӯ ба савгандҳо,
Ба хубӣ бидодаш басе пандҳо,
Ба паймон ҷудо кард аз ӯ ханҷаро,
Ба чарбӣ кашидаш ба банд-андаро,
Саропой басташ ба кирдори юз,
Чи суд аз ҳунарҳо, чу баргашт рӯз?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё