Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бизад аспу омад бари Бежано,
Ҷигар хаста дидаш, бараҳна тано,
Ду даст аз паси пушт баста чу санг,
Даҳон хушку рафта зи рух обуранг,
Бипурсиду гуфташ, ки «Чун омадӣ?
Аз Эрон ҳамоно ба хун омадӣ?»
Ҳама достон Бежан ӯро бигуфт,
Чунон чун расидаш зи бадхоҳ ҷуфт,
Ҳам аз кини Эрон ҳама ёд кард,
Ки бар ҷони ӯ ҳам ба бедод кард.
Бибахшуд Пирони Виса бад-ӯй,
Фурӯ рехт об аз ду дида ба рӯй,
Бифармуд, то як замонаш ба дор
Накарданду гуфташ: «Ҳам эдар бидор,
Бад-он то бибинам яке рӯи шоҳ,
Намоям бад-ӯ ахтари нек роҳ».
Бизад аспу Пирони Виса бирафт,
Бари шоҳи Тӯрон хиромид тафт,
Ба кох-андарун шуд парасторваш,
Бари шоҳ-бар даст карда ба каш,
Пиёда давон то ба наздики тахт,
Бар Афросиёб офарин кард сахт,
Ҳаме буд дар пеши тахташ ба пой
Чу дастури покизаи раҳнамой.
Ҷаҳондор донист, к-аз орзӯй
Бапой аст Пирони озодахӯй,
Бихандиду гуфташ: «Чи хоҳӣ, бигӯй,
Туро бештар назди ман обрӯй!
Агар зар бихоҳиву гар гавҳаро
В-агар подшоҳиву гар лашкаро,
Надорам дареғ аз ту ман ганҷи хеш,
Чаро баргузинӣ ҳаме ранҷи хеш?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ