Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Надорам зи ту, ҳар чи хоҳӣ, дареғ
Зи динору аз ганҷу кӯполу теғ!»
Чу бишнид Пирони хусравпараст,
Заминро бибӯсиду бар пой ҷаст,
Ки «Ҷовид бодо туро тахту ҷой,
Наёбад ҷуз аз тахти ту бахт ҷой!
Зи шоҳони гетӣ ситоиш турост,
Зи хуршеди тобон ниёиш турост.
Маро ҳар чи бояд, ба бахти ту аст,
Зи аспону мардону нерӯи даст.
Маро орзӯ аз пайи хеш нест,
Кас аз кеҳтарони ту дарвеш нест!
Ман аз подшоҳӣ-т ободамо,
Бузургони фархундабунёдамо!
Ҳаме ғам хурам, то ба ороми ман
Напечад касе, гум кунад номи ман!»
Пас он гаҳ бигуфт: «Эй шаҳи шергир,
Яке панди нек аз ман андарпазир:
Ту ин Бежани номварро макуш,
Ки ҳастӣ яке шоҳи бо ройу ҳуш,
Ки кини Сиёвуш тоза кунӣ,
Ба Тӯрон дигар ҷангу кин афканӣ!
На ман шоҳро пеш аз ин чанд бор,
Ҳаме панд додам зи ҳар гуна кор?
Ба гуфтори ман ҳеч н-омад фароз,
Бад-он доштам даст аз кор боз.
Макуш, гуфтамат, пури Ковусро,
Ки душман кунӣ Рустаму Тӯсро.
Сиёвуш, ки ҳаст аз нажоди кайон,
Ба меҳри ту баста камар дар миён,
К-аз Эрон ба пилон бикӯбандамон,
Зи ҳам бигсилонанд пайвандамон!
Ба хира бикуштӣ Сиёвушро,
Ба заҳр-андар омехтӣ нӯшро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ