Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нагунаш ба ҷоҳ-андар андохтанд,
Сари чоҳро санг барсохтанд
В-аз он ҷо ба айвони он духтараш
Биовард Гарсеваз он лашкараш,
Ҳама ганҷи ӯро ба тороҷ дод,
Аз ин бадра бистад, бад-он тоҷ дод.
Манижа биомад ба як чодаро,
Бараҳна ду пову кушода саро,
Кашидаш давон то бад-он чоҳсор,
Ду дида пур аз хуну рух чун баҳор,
Бад-ӯ гуфт: «Инак, туро хонумон,
Заворӣ бар ин баста то ҷовидон!»¹
Чу Гарсеваз аз чоҳи ӯ бозгашт,
Манижа або дард анбоз гашт,
Ғиревон ҳамегашт бар гирди дашт,
Чу як рӯзу як шаб бар ӯ-бар гузашт,
Биомад хурӯшон ба наздики чоҳ,
Яке дастро андар ӯ кард роҳ,
Чу аз кӯҳ хуршед сар барзадӣ,
Манижа зи ҳар дар ҳаме нон чидӣ,
Ҳаме гирд кардӣ ба рӯзи дароз,
Ба сӯрохи чоҳ оваридӣ фароз,
Ба Бежан супурдиву бигристӣ,
Бад-ин шӯрбахтӣ ҳамезистӣ,
Шабу рӯз бо нолаву оҳ буд,
Ҳамеша нигаҳбони он чоҳ буд.
БОЗРАФТАНИ ГУРГИН БА ЭРОНЗАМИН
ВА ДУРӮҒ ГУФТАН ДАР КОРИ БЕЖАН
Чу як ҳафта Гургин бар он ҷо ба пой
Ҳамебуду Бежан наомад ба ҷой,
Зи ҳар сӯ-ш пӯён биҷустан гирифт,
Рухонро ба хуноб шустан гирифт.
Завор – садд, девор; ҳамдам, ғамхор; Завора – номи бародари Рустам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо