Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Пушаймонӣ омад-ш аз он кори хеш,
Ки чун бад сиголид бо ёри хеш.
Бишуд тозиён то бад-он ҷойгоҳ,
Куҷо Бежани Гев гум кард роҳ.
Ҳама беша баргашту касро надид,
На низ андар он бонги мурғон шунид.
Ҳаме гашт бар гирди он марғзор,
Ҳаме кард ёр андар ӯ хостор,
Яке наъра аз аспи Бежан шунид,
Ки омад аз он ҷӯйборон падид,
Гусасталагому нагунсорзин,
Фурӯ бурда лафҷу бароварда кин.
Бидонист, к-ӯро табоҳ аст кор,
Ба Эрон наояд бад-ин рӯзгор.
Агар дор дорад в-агар чоҳу банд,
Зи Афросиёб омадасташ газанд.
Каманд андарафканду баргошт рӯй,
Зи карда пушаймондилу чораҷӯй,
Чу бар бурданӣ роҳи бурдан наёфт,
Шабу рӯз орому хӯрдан наёфт,
Ҳамегуфт: «Чун биспарам роҳро,
Чи гӯям, чу бинам рухи шоҳро?!»
Аз он марғзор аспи Бежан биронд,
Ба хайма дароварду рӯзе бимонд
В-аз он ҷо суи шаҳри Эрон шитофт,
Шабу рӯз орому хуфтан наёфт.
Чу огоҳӣ омад зи Гургин ба шоҳ,
Ки Бежан набудаст бо ӯ ба роҳ,
Нагуфт ин сухан Гевро шаҳриёр,
Бад-он то зи Гургин кунад хостор.
Пас огоҳӣ омад ҳамон гаҳ ба Гев,
Зи гум будани размзан пури нев.
Зи хона биомад дамон то ба кӯй,
Дил аз дард хаста, пур аз об рӯй,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо