Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ту, эй навҷавон, аз далерии хеш
Гирифтӣ яке кори душвор пеш,
Агар якдилӣ, ком ҳосил кунӣ,
Вагарна сар андар сари дил кунӣ!
Яқин дон, ки коре, ки дорад давом,
Баландӣ пазирад аз он кор ном,
Ту коре, ки дорӣ, набурдӣ ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар?
Ба нерӯю мардӣ ҷаҳонро бигир,
1
Зи шоҳон ба даст ор тоҷу сарир,
Чу кишвар ба дасти ту ояд фароз,
Ба ҳар ҷой хубон барандат намоз!
Касе хастаи меҳри дилбар бувад,
Ки ӯ аз зару зӯр лоғар бувад.
Ҳар он кас, ки шуд комрон дар ҷаҳон,
Парастиш кунандаш кеҳону меҳон!» –
Чу Ҳумон бад-ин сон сухан пеш бурд,
Саросар ба Суҳроби ял баршумурд,
Аз он гуфта Суҳроб бедор шуд,
Дилаш бастаи банди пайкор шуд,
Бигуфт: «Эй сари номдорони Чин,
Ба гуфтори хубат ҳазор офарин!
Шуд ин гуфти ту доруи ҷони ман,
Кунун бо ту нав гашт паймони ман.
Ҷаҳонро саросар – чи хушку чи об
Дарорам ба фармони Афросиёб!» –
Бигуфт ину дилро зи дилбар биканд,
Баромад бар афрози тахти баланд,
Зи фатҳи ҳисору диранги шитоб
Фиристод нома ба Афросиёб.
Аз он шод шуд шоҳи Тӯронзамин,
Ҳаме кард Суҳробро офарин.
Сарир – тахт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо