Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Биомад, ба тахти кайӣ барнишаст,
Ҳама банду найранги ту кард паст.
Ҳар он кас, ки буд андар айвони ту,
Зи мардони марду зи девони ту,
Сар аз бора яксар фурӯ рехт-шон,
Ҳамон мағз бо хун баромехт-шон!»
Бад-ӯ гуфт Заҳҳок: «Шояд будан,
Ки меҳмон бувад, шод бояд будан?»
Чунин дод посух варо пешкор,
Ки «Меҳмон або гурзаи говсор
Ба мардӣ нишинад дар ороми ту?
Зи тоҷу камар бистурад номи ту?
Ба оини хеш оварад носипос?
Чунин гар ту меҳмон шиносӣ, шинос!»
Бад-ӯ гуфт Заҳҳок: «Чандин манол,
Ки меҳмони густох беҳтар ба фол!»
Чунин дод посух бад-ӯ Кундрав,
Ки «Оре, шунидам, ту посух шунав:
Гар ин номвар ҳаст меҳмони ту,
Чи кор асташ андар шабистони ту,
Ки бо хоҳарони ҷаҳондор Ҷам
Нишинад, занад рой бар бешу кам?
Ба як даст гирад рухи Шаҳрноз,
Ба дигар – ақиқи лаби Арнавоз,
Шаби тирагун худ батар з-ин кунад,
Ба зери сар аз мушк болин кунад,
Чи мушк, он ду гесӯи ду моҳи ту,
Ки буданд ҳамвора дилхоҳи ту!»
1
Барошуфт Заҳҳок бар сони карг,
Шунид ин сухан, орзӯ кард марг.
Ба дашноми зишту ба овози сахт
Ба тундӣ бишӯрид бо шӯрбахт,
Карг – мухаффафи каргадан (каркадан).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё