Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ӯ гуфт: «Ҳаргиз ту дар кори ман
Аз ин пас набошӣ дигар ёри ман!

Чунин дод посух варо пешкор,
Ки «Эдун, гумонам ман, эй шаҳриёр,

К-аз ин пас наёбӣ ту аз бахт баҳр,
Ба ман чун диҳӣ кадхудоии шаҳр?!

Чу бебаҳра бошӣ зи гоҳи меҳӣ,
Маро корсозандагӣ чун диҳӣ?!

Зи гоҳи бузургӣ чу мӯй аз хамир
Бурун омадӣ, меҳтаро, чора гир!

Туро душман омад, ба гоҳат нишаст,
Яке гурзаи говпайкар ба даст,

Ҳама банду найранги Аржанг бурд,
Дилором бигрифту гоҳат супурд,

Чаро барнасозӣ ҳаме кори хеш,
Ки ҳаргиз наомад чунин кор пеш?!»

БАНД КАРДАНИ ФАРИДУН ЗАҲҲОКРО

Ҷаҳондор Заҳҳок аз он гуфтугӯй
Ба ҷӯш омаду тез бинҳод рӯй,

Бифармуд, то барниҳоданд зин
Бад-он бодпоёни борикбин,

Биомад дамон бо сипоҳи гарон,
Ҳама наррадевону ҷанговарон,

Зи бероҳ мар-кохро бому дар
Гирифту ба кин андаровард сар.

Сипоҳи Фаридун чу огаҳ шуданд,
Ҳама сӯи он роҳи бераҳ шуданд,

Зи аспони ҷангӣ фурӯ рехтанд,
Дар он ҷои тангӣ баровехтанд.

Ҳама бому дар мардуми шаҳр буд,
Касе, к-аш зи ҷанговарӣ баҳр буд,

Ҳама дар ҳавои Фаридун буданд,
Ки аз ҷаври Заҳҳок пурхун буданд.

пешина
аз 345
навбатӣ