АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Гапатон ҳақ, вале ҳамаи ҳайати шахсӣ барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар намоиши меҳнаткашон оид ба ҷашнгири иди Якуми май ба кўча баромадаанд.
– Сардор ҳам?
– Бале.
Кабиров дигар чизе нагуфта, телеграммаро аз дасти милисионер гирифта, аз бинои милиса баромад.
Дар кўчаҳои шаҳр қадам зада, ў симои Сабринисоро бори дигар пеши назар овард. Фоҷиаи ба сари котибааш омадаро фоҷиаи шахсии худ медонист. Вақте ки дар санатория телеграммаи милисаро ба дасташ доданд, сару калобаашро гум кард. Азбаски дар телеграмма ҳама чиз пурра навишта намешавад, ў ҳамоно ба ҷойи кораш занг зада аз рафти воқеаҳо ва мақсади халалдор сохтани истироҳати хеш огоҳ шуд.
Дар кўчаҳои шаҳр ҳама шоду хандон сайругашт доштанд.
Касеро нисбати дарду алами ў коре набуд. Ин дарду алами ўро дучанд кард. Мақоли халқии «Танҳо буттае месўзад, ки оташ гирифтааст»-ро ба ёд оварда, шиносоии аввалинашро бо Сабринисо пеши назар овард…
Тахминан дуюним сол пеш вақте ки ў дар заводи шарбатбарорӣ вазифаи муҳандиси бехатариро бар ўҳда дошт, рухсатӣ гирифта, ба истироҳатгоҳи Обигарм рафт. Рўзҳои охири дар истироҳат будан зиндагии якранги ў таровати дигаре гирифт.
… Он шаб дар майдончаи рақс ду духтараки навомада ба рақс баромаданд. Тамоми шаб ў рақси зебои онҳоро тамошо кард, вале аз чӣ бошад, ки ҷуръати ба рақс даъват карданашонро надошт. Шаби дигар яке аз он духтаракон хиромида – хиромида ба назди ў омад ва қади мавзунашро дуқат намуда, ўро ба рақс таклиф кард. Онҳо дар зери ҳавои мусиқии «Эй санам» хело чарх заданд…
– Вақте ки директори завод шудед, маро ба кор даъват кунед,– гуфта буд Сабринисо ҳангоми гусели ў. Баъдтар ў боз ду маротиба масофаи сад километрро тай карда, ба аёдати Сабринисо ба санаторияи Обигарм рафт…
Қамар Абдулғаниевич гумон дошт, ки Сабринисо меваи шохи баланд ва дастнорас аст, вале…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё