Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба фикри ман барои милиса ҳам қадри инсон аз ҳама боло меистад…
… 20 …

Мўйсафед тамоми шаб нахуфта, аз як паҳлў ба паҳлўи дигар гашт, сафҳаҳои дафтари хотироташ варақгардон шудан гирифтанд.
Ҷанг, чӣ номи шум ва даҳшатбор. Эҳтимол таърихи инсоният чун ҷанги дуюми ҷаҳон ҷангеро надида… Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ чун ҳамаи ҷангҳои пешин, ки таърихчиён шумораи қурбониёнро зиёда аз 25 милион арзёбӣ мекунанд, характери ба худ хосеро доро буд.
Сараввал ба ин ҷанг, ки барои сарнагун сохтани ягона давлати сосиалистӣ равон шуда буд, қариб нисфи давлатҳои Европа сафарбар шуда буданд. Танҳо дар 18– рўзи аввали ҷанг фронти Шимолу Ғарбӣ, Литва, Латвия ва як қисми территорияи РСФСР– ро аз даст дод. Ана, бо чӣ хел қувва душман ба мамлакати мо ҳуҷум кард. Сергей Павлович шаҳди ин ҷанги хонумонсўзро аз рўзҳои аввали саршавиаш чашид. Ў тирамоҳи соли 1940 ба армия даъват шуд ва чун зарбаҳои аввалини душманро дид, дар дилаш таҳлука афтод. Аз дил гузаронд, ки сар ба саломат бурданаш дар гумон аст. Ў ки дар ҳайати армияи 27–ум фармондеҳи генерал майор Н.Э. Берзарин меҷангид шикастхўрӣ ва ақибнишиниро бо чашми худ дид.
2– уми июли 1941 армияи 27 –ум, ки сержанти хурд Сергеи Павлович Архангелский шомили он буд, дар зери фишори қувваҳои душман ба ақибнишинӣ сар кард. Яке аз сабабҳои чунин ақибнишини он буд, ки дар зарфи ҳамаи ин вақт армия дар фронти васеъ меҷангид ва барои ташкили мудофиаи бисёрэшалонаи амиқ на қувва дошт ва на восита. Ана, дар ҳамин бесарусомониҳо Сергей Павлович, ояндаашро пеши назар овард.
Тарс кори худро карду дар интиҳо ў мақоли халқи «Сар амон бошад кўлоҳ ноёб нест» –ро ба хотир оварда, дар лаҳзаи муносиб бар хилофи ҳамаи армияи 27– ум «пеш» рафт, ҳама ба ақиб ва ў ба «пеш».
Дирўз бо ҳамсараш Елена Александровна дар бораи аз ин сарзамин рафтан гапашон гурехт. Елена Александровна ўро якрав гуфт.

пешина
аз 416
навбатӣ