АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Он гиреҳро ман то ҳанўз фаромўш накардаам.
– Ман аминам, ки шумо то мурдан он гиреҳандозӣ ва қуръапартоиро фаромўш намекунед. Ҳа, аз сари мақсад каме дур рафтем. Ҳамон вақте ки ҳайати зондеркоманда думро хода карда, ба ғарб гурехтанӣ шуданд, ту аз хатти фронт гузашта ба дарунтари мамлакате, ки як замон аз тарси ҷон фурухта будӣ ҳаракат доштӣ… Ногоҳ аз пайроҳае омадани аскареро дида, дар паҳлуи роҳ ҷойи муносиберо интихоб карда, ба нолиш даромадӣ…
Аскари бечора аз макрат бехабар овози нолишро шунида, ба ёриат шитофт ва ҳатто нафаҳмид, ки чи хел ту қуръаи тайёркардаатро дар як мижа задан ба гарданаш андохтӣ. Чун корашро тамом кардӣ либосу ҳуҷҷатҳояшро гирифтӣ. Яъне Архангелский Сергей Павловичро ба қатл расонида, ҳуҷҷаташро соҳиб шудӣ. Ана, ҳамноми ту…
… 21 …
Ў чашм кушода болои сараш духтараки хилъати сафедпушеро дид, хост чизе гўяд, вале ҳамшираи шафқат ба ин кораш монеъ шуда гуфт:
– Ором шавед, ҳамааш ба хубӣ гузашт…
Ниҳоят дар куҷо будани худро ҳис карда, воқеаҳои дишабаро пеши назар овард.
Дишаб баъди оне, ки соати 23 дружиначиёни халқиро ки дар ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаи хизматии ў ширкат варзида буданд ҷавоб дода, ба хона нарафт. Сараввал плану чорабиниҳои кориашро барои рўзи дигар тартиб дод.
Сипас аз рўйи яке аз аризаҳои дар дасташ буда қарор бароварда, барои сари субҳ имзои сардорро гирифтан омода сохт ва танҳо баъди ин берун баромад. Ў аз пайраҳаи пиёдагузар ҳаракат карда истода, нохост дар таги девори мактаби рақами 7, ки дар тарафи муқобил воқеъ буд, суроби шахсеро дид, ки саросема кўчаро бурида ба қафои мактаб ҳаракат кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё