Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асл бошад ин хел нест. Ин сарзамин ба ў ҳам маъқул аст, вале аз тарс, ки як умр ўро дунболгир аст, ҷойи зист намеёбад. Охир Елена аз куҷо медонад, ки дар дунё одамоне ҳастанд, ки бадбахтии дигаронро ба манфиати шахсии хеш истифода мебаранд, гирем ҳамин Кабировро. Ба зами он чи ки аз падараш мерос монд, то ки фарзандаш ҳам хуни маро то қатраи охирин нўшид. Ў гумон дорад, ки падараш қаҳрамон аст. Ў ҳам аз хоки ман шурида шуда буд, ман ку тарсида «пеш рафтам» ўро чи бало расида бошад. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чи хел дар конслагер ў ин расмро ба даст овардааст. Агар мефаҳмидам, ки рўзе мешаваду ўро вомехўрам, ҳамон ҷо корашро анҷом медодам. Аз туфайли ман зинда монду боз ба рўям туф кард. Эй курнамаке.
Ё гирем ин лаънатиашро, магар ў аз уҳдаи муҳандиси бехатарӣ нағз баромада буд? Не, бо чунин каллаи бемағз боло рафтан душвор. Садқаи номи одамӣ шавад, ҳамаи некиҳои маро пеши по зада, даъвои гирифтани мансабам кард, агар ман намешудам, ў дар мурданаш чунин вазифаро намедид. Чун вазифаро соҳиб шуд, даъвои нав пешниҳод кард. Ва ин зани беақл аз куҷо медонад, ки дар дунё чи гап. Ин аст натиҷаи тарс.
Натиҷаи ба «пеш» ҳаракат кардан.
– Ёд дорӣ?
– Чиро?
– Чи хел соҳиби ҳуҷҷат шудӣ.
– Коҳи куҳнаро чӣ лозим бод кардан.
– Охир барои ёфтани номи хеш якеро қурбон кардӣ–ку.
– Ҷанг, ҷанг аст ва фаромўш накун ки «ғолибро» муҳокима намекунанд.
– Ой, ой, ту хандаамро набиёр, «ғолиб». Ту аз рубоҳе беш нестӣ.
– Боз инро аз куҷо гирифтӣ?
– Ту дар ҳар вақт самти ҳаракатро нағз медонӣ. Соли 41 – ум ба «пеш» ва тирамоҳи соли 44 –ум низ ба «пеш» ҳаракат кардӣ.
– Туро, медонӣ, барои чӣ наҷўстанд?
– Барои чӣ?
– Чунки ҳамаи ҳайати зондеркоманда, ки ту ғуломи ҳалқабаргўшашон будӣ фурсат наёфта, ба ҷаҳанам рафтанд. Ту бало ҳамон шаб либоси асири дар бар карда, он банди зормондаатро гирифта пешаки ба он гиреҳи зормондаатро дуруст карда ба бағал задӣ, чунки дар лаҳзаи муносиб қуръаро партоӣ.

пешина
аз 416
навбатӣ