АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Оиша ўро дида дар ҷояш шах шуд. Дар рў ба рўяш ҳамон ҷавоне меистод, ки шаш сол пеш бо ҳам ишқварзӣ намуда буданд. Ў худро базўр ба даст гирифта, меҳмонро ба хона таклиф кард.
– Бачаи нағз,– баъди гусели ронанда гуфт шавҳараш.
Хайрият дар ҳамин вақт Мадинаи дар гаҳвора буда гиря карду ў аз назди шавҳар ба назди Мадина рафт.
Тахминан як ҳафта пас директор ронандаашро барои овардани шиносномааш, ки дар хона монда буд фиристод.
Оиша дарро ба рўйи меҳмон кушоду дар бало монд. Меҳмон чун дарранда дар роҳрав ба ў дарафтод. Оиша бо азобе худро аз чанголи ў халос карда гуфт:
– Ғиёс маро ба ҳоли худ гузор, ман аз Кабиров фарзанд дорам, ақалан ту ба ҳамин тифл раҳм кун.
Вале дар он лаҳза Назаров даррандаи ваҳшиеро мемонд ва танҳо баъди ба мақсади нопоки хеш расидан шиносномаро гирифта аз хона бадар рафт.
Оиша аз тарси дуюмбора хонавайроншавӣ сирри хешро ба шавҳар нагуфт. Ва ин хомўширо Назаров «сукут аломати ризо»
пиндошта, рўҳу илҳоми нав гирифта, дар кадом ҳолати дилхоҳе, ки имконият меёфт аз Оиша коми дил меситонд.
Мегўянд, ки бори каҷ ба манзил намерасад, тахминан як сол пеш дар бўстонсаро ҳангоми ишқварзии навбатӣ онҳо ба даст афтиданд…
Он шабу рўзи моҳи июл Қамар Абдулғаниевич ҳамсарашро ҳамроҳи Мадинаи сесола ва Мухтори ҳаштмоҳа аз гармии шаҳр ва деворҳои сангини он гурезонида ба бўстонсаро бурд. Баъди се рўз ўро низ ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи мамлакат, ба Маскав фиристоданд. Худи Ғиёс Назаров соати даҳи шаб директорро ба фурудгоҳ бурд ва соатҳои 23 ба бўстонсаро омад. Ба зорию илтиҷойи Оиша аҳамият надода, вориди хона гардид. Гуфт ки аз чунин имконият рў гардонидан ин гуноҳ аст. Соатҳои панҷи субҳ нохост касе чароғи хонаи хобро даргиронд. Ҳарду аз тарс чун муши дар об афтида гардиданд.
Дар ин сари субҳ аз куҷо пайдо шудани котибаи директорро ў ҳеҷ нафаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё