Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабринисо дарро бо шаст пўшида, ба ошёнаи якум фаромад. Оиша ки лучи модарзод буд, куртаашро пўшида аз қафои котиба тохт. Ў дар пеши пойи Сабринисо афтода илтиҷо кард, ки сиррашро фош накунад. Баъди ин ҳодиса Сабринисо бо роҳи таҳдид чандин бор аз ҳамсари директор маблағи муайян ситонид. Назаровро бошад чун ғуломи ҳалқабаргўш ба доми худ кашид ва таҳдид кард, ки агар ўро ба занӣ нагирад, сиррашро фош месозад. Баъди ин ҳодиса Назаров худ аз Оиша канорҷўйӣ мекард.
Акнун Оиша хавфи онро дошт, ки рафту Ғиёс ҳамин ҷиноятро содир карда бошаду дар рафти тафтишот тафсилоти воқеаро гуфта диҳад…
Ҳамсари директор аз дигар чиз ҳам дар хавф буд. Рафту агар Сабринисо дар ин бора ба ягон кас забон кушода бошад, дар он ҳолат аз эҳтимол дур нест, ки ўро ҳамчун шахси манфиатдор ба марги Файзуллоева гунаҳкор кунанд. Ҳамаи ин акнун як фикру хаёл буданд ва Оиша Рабиевнаро ҳеҷ ором намегузоштанд.
– Ҳазорон бор тавба кардам, Худои мутаъол гуноҳи ин бандаи осиатро бубахш,– мегуфт ў.

… 25 …

Елена Александровна баробари ба хона даромадани шавҳар хабар дод, ки ба ў мактуби ҳукуматӣ омадааст. Ў ба хона гузашта мактуберо ки болои миз меистод ба даст гирифт.
Ин бори аввал нест, ки ў чунин мактубҳо мегирад. Дар болои конверт суроғааш сабт шуда, дар як гўшаи он бо ҳарфҳои типографӣ «Правительственная» навишта шуда буд. Ў конвертро кушода ба хондани табрикнома, ки комитети партиявӣ ва комитети иҷроияи шаҳр ба муносибати «Иди Ғалаба»
фиристода буданд сар кард. Сипас, табрикномаро ба дасти ҳамсараш дод, ки хонда ба ягон ҷойи чашмрас гузорад.
– Ҳай, ҳай, ҳатто чашмат ҳам напарид. Боз онро бояд ба ҷойи чашмрас овехта монанд, то ки мардум бинанду ба ту аҳсан гўянд.
– Хайр чӣ?

пешина
аз 416
навбатӣ