Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рустам Ҳотамов, ки худро хело беҳтар ҳис мекард ва аллакай бо падару модараш оид ба воқеаи дишаба суҳбат карда буд, дар нисфи шаб пайдо шудани лейтенанти калон Сорбони Ҳомидро дида пурсид:
– Тенҷӣ –мӣ?
– Тенҷӣ,– гуфт Сорбони Ҳомид ва курсиеро гирифта паҳлўйи бемор нишаста, даст ба дуо бардошта, шифоёбии беморро аз даргоҳи худои аза ва ҷала таманно кард.
Дар ҳамин лаҳза ҳамшираи шафқат аз ташрифи ногаҳонии Сорбони Ҳомид хабар ёфта, ба палата омада изҳори норозигӣ намуд, вале худи бемор ўро ором кунонида гуфт, ки аз ду сар то субҳ ўро хоб намебарад ва аз суҳбати дўст дида барои ў доруи беҳтаре нест.
Духтарак ба соати дастиаш нигариста гуфт: соат 23.08 дақиқа дар ин бевақтӣ чӣ хел суҳбат будааст?
– Суҳбати дўстон.
– Ба шумо ҳамагӣ даҳ дақиқа вақт,– гўён духтарак аз дар берун шуд.
Лейтенанти калон ҳамоно ба сари мақсад омада сабаби ташрифи нимашабиашро гуфта дод.
Ҳотамов гуфт, ки то ҳанўз симои шахсеро ки линчаро ба замин гузоштанӣ буд, дар пеши назараш аст. Чӣ ягон кас бо ариза дар ин бора муроҷиат накардааст?
– То ҳанўз не, аз эҳтимол дур нест, ки соҳибхонаҳо дар хонаашон набуданд ва агар дар ҳақиқат дуздӣ содир шуда бошад, аризаашон аз рўзи душанбе пештар ба милиса намеояд.
– Рў ба рўкуниро ҳозир гузарониданиед?
– Ҳозир–ку ба гумон, вале сари субҳ мо боз ба сари ҳамин масъала бармегардем, агар то субҳ дигаргуние ба амал наояд.

… 27 …

Вақте ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба милиса омад, аз меҳмонон на пай буду на ҳайдар.
Ў суоломез ба тарафи Амрихудоев нигарист.
Нозири минтақавӣ гуфт, ки ба худодода ситеза макун, ки ўро Худо додааст.

пешина
аз 416
навбатӣ