АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Суханони капитани милиса тааҷҷуби ўро боз ҳам бештар намуд ва нозири минтақавӣ аризаеро ба дасти ў дод.
Дар ариза, ки муаллифаш Хазина З.М. буд, оид ба рафтори ношоистаи Малсагова ва меҳмононаш сухан мерафт. Зинаида Митрофановна дар аризааш оид ба мастигарии дар хонаи Малсагова хабар дода хоҳиш намуда буд, ки нисбат ба дўстдорони шароб дар ҳолате ки дар мамлакат мубориза ба муқобили майнўшӣ ва майзадагӣ эълон шудааст, чораҳо бинанд.
– Хуш, чӣ чора дидед, онҳоро то субҳ ҷавоб додед?
– Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ лейтенанти калон. Малсагова ва меҳмононашро ба меҳмонхонаи тиббӣ фиристодам. Чӣ хуш ки ҳангоми муоинаи тиббӣ дараҷаи мастигарии онҳо ба талаботи меъёрҳои «меҳмонхона» ҷавоб гуфт. Акнун метавонем то субҳ каме ҳам бошад истироҳат намоем.
– Агар махфӣ набошад дар ин ними шаб аризаи Хазина З.М. –ро чӣ хел гирифтед, ё дар ҳамин бевақтӣ ўро ба милиса даъват намудед?
– Ҳама вакт фикри обро дар хушкӣ кардан лозим. Аризаи Зинаида Митрофановнаро ҳангоми ба пункти такягоҳи тартботи ҷамъиятӣ омаданаш барои эҳтиёт гирифта будам.
Охир ҳар кор шуданаш мумкин ва имшаб, ки зарурияти дар меҳмонхонаи тиббӣ ҷой додани меҳмонон пеш омад, ман онро ба истифода додам.
– Ман бошам фикр мекардам, ки то субҳ чӣ хел онҳоро дар ин ҷо нигоҳ медорем. Аз рўйи нишонаҳои зоҳирӣ Ҳотамов фардо ҳангоми рў ба рўкунӣ бояд яке аз онҳоро шиносад.
– Агар дар ҳақиқат онҳоро дида бошад.
– Гап дар сари ҳамин аст. Агар онҳо дар ҳақиқат он шаб ба кор баромада бошанд Ҳотамов аз ду сар яке аз онҳоро мешиносад.
– Ин масъаларо то фардо мемонем, – гўён Амрихудоев аз ҷой бархест.
Пас аз рафтани Амрихудоев Сорбони Ҳомид боз хело сари ин масъала андешаронӣ намуд. Ҳамон чиз ўро ором намегузошт, ки Сабуров коргари заводи шарбатбарории шаҳр буд. Ў дар ин ҷо пайвастагиеро медид. Воқеаи ба сари Файзуллоева омадаро бори дигар пеши назар овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё