Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Маълум мешавад, ки ў пештар ҳам дар бўстонсаро будааст.
– Не, не, ман бори аввал ба ў калидҳоро дода, ба Ғиёс фаҳмондам,ки ўро то бўстонсаро барад.
– Шояд ҳамон ҷо Ғиёс ўро ба он дунё фиристода бошад?
– Намедонам аз чӣ бошад, ки ў аз ман канорҷўӣ мекунад, то ҳол ўро надидаам. Ба фикрам байни Ғиёс ва Сабринисо ягон муносибати маҳрамонае будааст.
– Инро боз аз куҷо фаҳмидӣ?
– Рафти воқеаҳо худ шоҳиди ҳамин гуфтаҳоянд. Назаров баъди моро гусел кардан аз фурудгоҳ рост ба бўстонсаро омадааст ва ҷисми беҷони Файзуллоеваро дида, ба милиса занг задааст. Чӣ хаёл мекунӣ, ки ў ин қадар масофаро тай карда, дар ними шаб барои қаровулии бўстонсаро рафтааст?
– Аз бўстонсаро чиро бурданд?
– Ҳама чиз дар ҷояш. Фақат ҳамон ҳайкалчаи биринҷии Кутузов нест.
– Шояд ўро тилло гумон карда бурдаанд?
– Ба гумон аст, бо ҳамон ҳайкалча ба сари Сабринисо ҷояш ҷаннат бод зарба задаанд.
– Агар ташрифгарони шабона ягон чизро набурда бошанд, пас маълум мешавад, ки онҳо маҳз барои аз байн бардоштани котибаат ба он ҷазира қадам ранҷа намуданд?
– Намедонам, намедонам, худам ҳам сару калобаамро гум намудаам.
– Мадинаю Мухторро хабар гирифтӣ?
– Не, вақт нашуд. Вале занг зада аз аҳволашон огоҳӣ ёфтам, бибиашон гуфт, ки сиҳату саломатанд ва парвои ману туро надоранд.
– Ҳарчанд онҳо дигар ба сари ин масъала барнагаштанд, вале авзои зан дигар нашуда, дилаш ҳамон хел хиҷил монд.
Тамоми шаб ў мижа таҳ накард. «Намедонам аз чи бошад, ки Ғиёс аз ман канорҷўӣ мекунад, то ҳол ўро надидаам» – гуфтани шавҳар дар гўшаш садо медод. Албатта, ин канорҷўиҳоро ў ба таври худ шарҳ медод. Охир ин ҷо Ғиёс танҳо не, балки худи ў ҳам гунаҳкор аст ва боз Худо медонад, ки чӣ гапҳое дар пешанд. Агар ў аз рўзи аввал дар бораи муносибати пештарааш бо Ғиёс шавҳарро огоҳ мекард, имрўз дар чунин гирдоб намеафтод.

пешина
аз 416
навбатӣ