Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, шавҳар ўро мефаҳмид ва ҳамоно кафшҳои ронандаашро пеши по мемонд. Охир, мардон ҳамеша мегўянд, ки «асп зери пои худам налангад»
наход маро намебахшид? Акнун чӣ мешавад? Рафту мардак аз муносибати байни ману ронандааш хабардор шавад? Дар он сурат ў дар ҳақиқат кафшҳои худи маро пеши по монда, чор тарафат қибла мегўяд. Худоё, нигоҳдор бош.
– Чаро акнун аз ман мадад меҷўӣ? Чаро ба гапи шайтон дода шудию оқибати корро андеша накардӣ?
– Одам шири хомхўрда.
– Шири хомхўрда, шири хомхўрда магар ҳамин ҳам баҳона шуд. Ту як бор дар зиндагӣ пешпо хўрда хулосае набаровардӣ, акнун ин хама тавбаву надомат суде надоранд.
– Худои мутаъол лакбахш аст.
– Гапат рост, ту ки як бор бахтатро пеши по задӣ бахти аз аввала беҳтарат дод, пас чаро шукри худои таолоро ба ҷо наовардӣ ва боз бо роҳи каҷ қадам ниҳодӣ?
– Худат шоҳидӣ ки Ғиёс дуюмбора худаш ба ман дарафтод, охир аз дасти мани муштипар чӣ меомад?
– Он зорию таваллоят рўякӣ буд, дар асл худат ўро мехостӣ ё ман тўҳмат мекунам??
– Не, ҳамин тавр буд.
– Пас чӣ ҷойи гилаю тавба.
– Охир ба ин роҳ ман танҳо нарафтам–ку чунин занҳо лаки дар лаканд.
– Ҳаркӣ дар қиёмат ҷазояшро мебинад…
– Ҳа, занак чаро ин қадар оҳ мекашӣ, метавонӣ осуда бошӣ ман ўро накуштам гуфтани шавҳар ўро аз гуфтугў бо худ берун овард…
… 29 …

Ҳодисаи зарари ҷисмонӣ гирифтани нозири минтақавӣ
Ҳотамов ҳеҷ касро бетараф нагузошт. Худи ҳамон шаб ба ҷойи
ҳодиса гурўҳи фаврӣ – ҷустуҷўии милиса тахти сарварии
муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма. ҳуқуқшиноси
дараҷаи аввал Нидоев омад. Ҳар он чӣ, ки дар рафти
азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба даст омад Нидоев онро ба
протоколи азназаргузаронӣ сабт намуд. Мирзоев ва дигар аъзоёни гурўҳи фаврӣ гирду атрофро аз назар гузаронида бо супориши муфаттиш нишондоди онҳоеро ки Ҳотамовро аввалин шуда ёфта буданд, бо нишон додани вақт гирифтанд.

пешина
аз 416
навбатӣ