АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ман назадам.
– Шояд Сабуров?
– Ман инро нагуфтам, вале…
– Чаро суханатро буридӣ?
– Фикре ба сарам омад, ин рафтори ман мақоли «ба ивази некӣ бадӣ»– ро мемонад. Охир агар Тоҳир намешуд, ҳамон милисионер маро пешандоз карда, ба ин ҷо меовард.
– Дар он сурат вазъияти шумо аз ин бадтар намешуд. Охир дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ барои ҳифзи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моддаи махсусе ҷудо карда шудааст.
– Шунидаам.
– Пас, чаро ба милисионер зарба задед? Ё гумон доред, ки тафтишот аз ҳаракатҳои ғайриқонунии он шабаатон хабар надорад,–гуфт муфаттиш.
– Кадом ҳаракатҳои ғайриқонунӣ?
– Гуфтаниед, ки барои он ки милисионер аз пешатон баромад, ба ў чунин зарбаро раво дидед?
– Не, вақте ки ман линчаҳоро ба замин гузоштанӣ шудам ва хостам, ки ҳуҷҷатамро ба ў нишон диҳам, нохост ў оҳ гуфта ба замин афтид.
– Чӣ ў худаш афтид?
– Не.
– Набошад чӣ сабаб шуду милисионер яку якбора оҳ гуфта ба замин афтид?
– Ҳамаи гап дар ҳамин, ки Тоҳир аз торикӣ истифода бурда, ноаён ба ў наздик шуда, ба сараш зарба зад. Охир, ў маро аз чанголи милисионер раҳониданӣ буд. Рости гап, ҳамааш айби худаш шуд, вагарна мо дар суроғи ў ҳам набудем.
Ба замми ин Тоҳир ба сари милисионер хеле оҳиста зарба зад.
– Ту инро аз куҷо медонӣ, чаро гумон мекунӣ ки зарба оҳиста буд?
– Бо он асбобе, ки дар дасти Тоҳир буд, агар зарба анча сахт мешуд, милисионер зинда намемонд.
– Бо чӣ гуна асбоб ба сари милисионер зарба зад?
– Бо ломча, аниқтараш мехкашак.
– Пас он мехкашакро куҷо кардед?
– Аниқ намедонам, вале аминам Тоҳир он коғазпечро напартофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё