АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ду ҳафта пеш Кабиров ба ў занг зада таҳдид кард, ки хонаҳояшро ба ў фурўшад. Маҳз, нохост рахти сафар бастани ў низ ҳамин масъала буд. Акнун, ки чунин ҳодиса рух додаст, метавонад чун гирдоб Кабировро ба коми хеш фурў барад. Барои ба рафти воқеаҳо пурра огоҳӣ ёфтан ў аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки костюми навашро дарзмол кунад.
Баъди тановули субҳ ў аз хона баромада, ба тамошои шаҳр рафт. Аз чӣ бошад ки сари қадам ба заводе, ки як вақтҳо сарвараш буд даромад.
Бисёре аз коргарон ба ў як эҳтироми хоса доштанд, бинобар ин аз дидораш шод шуданд. Ўро ба иди дар пешистодаи Ғалаба табрик намуданд. Тайи чандин соли сарвари ин корхона буданаш дар ҷамъомадҳои ба муносибати иди Ғалаба баргузоршуда маърўзачиён ва бархе аз хушомадгўён Сергей Павловичро ҳамчун аскаре, ки дар ин ғалабаи бузург саҳм гузоштааст ном мебурданд. Дар ҳақиқат он солҳо рўзноманигорон ҳам дар бораи роҳи паймудаи ҷангиаш дар ин ғалабаи бузург очерку мақолаҳо навиштанӣ буданд, вале Сергей Павлович гўё хоксорӣ намуда, аз вохўрӣ бо рўзноманигорон саркашӣ мекард ва ҳеҷ кас сабаби ин «хоксории» ўро ба ҷуз Қамар Абдулғаниевич намефаҳмид. Мардуми авом чӣ медонистанд, ки зери коса нимкосае ҳаст. Вале ҳамин хоксориҳо шаъни ўро дар назди коргарон бештар мекард.
Бар хилофи ақидаи ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, ки акнун ба санҷиши ҳодисаи ба сари нозири минтақавӣ Ҳотамов пардохта буданд, меҳмон чун донаки сахт баромад. Зубайдов ба ҳар як суоли муфаттиш баъди мулоҳиза ҷавоб мегуфт. Маълум буд, ки ў пештар ҳам бо кормандони тафтишот рў ба рў шудааст.
Баъди суҳбати дусоата Зубайдов ба сабру тоқати кормандони тафтишот тан дод магар, ки гуфт:
– Ман ҳамаашро мегўям, ҳамаашро…
– Албатта, ҳамаашро мегўед, чунки туро дигар чорае нест ва биё акнун ҳамаашро аз аввал нақл кун,– сухани ўро бурида гуфт Сорбони Ҳомид.
– Мо милисионерро барқасд назадем. Агар ў ба роҳаш рост мерафт, имрўз мо дар ин ҷо наменишастем. Баъзеҳо роҳи ростро хуш надоранд.
– Кӣ ба сари милисионер зарба зад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё