АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз воқеаи ба сари Сабринисо омада ў хабардор гашт.
Ҳарчанд бо Сабринисо шинос набуд, вале аз зиндагии ў пурра бохабар буд.
«То что знаеть двое знаеть свиня» (он чи ки ду кас медонад, дигар махфияте надорад) – гуфтани Генрих Мюлерро аз кинофилми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» баъди ҳисоботи дугонааш Рухсора ба ёд овард. Аз ҳисоботи Рухсора муддати чанд вақт як чиз торҳои асаби ўро ором намегузошт.
«Знаешь что однажды Сабринисо слышала как её кавалер по телефону шантажирует кого то…
– И чем шантажировал?
– Какой то фотографии ,этого Сабринисо точно помнить.
– Кого он шантажировал?
– Ну человека с фотографии.
– Если не секрет кто это шантажист?
– Разве можно тебе недоверят. Кавалер Сабрини это директор завод нашего города Камар Абулганиевич Кабиров.
– Значить это ценый фотография раз сам директор пошёл по этом пути.
– Я тоже так думаю.
Ва ин суҳбат ба гўшаи фаромўшхотирӣ рафт. Тахминан баъди шаш моҳ ў бо Сабуров шинос шуд ва чун фаҳмид, ки Тоҳир коргари заводест, ки Кабиров сарвараш аст, боз ҳамон суҳбати дугонааш Давидоваро ба ёд овард.
Тахминан як моҳ пеш ҳамин хел дар омади гап, нисбат ба он расм ва директори корхона бо Сабуров гап кушод.
– Ҳеҷ боварам намеояд, ки Кабиров бо ҳамин қадар давлату савлат ба таҳқири касе даст занад.
– Гўш кун, Тоҳир, дар он расми зормонда сирри шахсе нуҳуфтааст, ки Кабиров дар пешаш бечора аст. Агар илоҷе шаваду мо он расмро ба даст орем, бахт ба рўямон механдад.
– Мо аз куҷо медонем, ки он расм дар куҷост?
– Камтар майнаро об кардан лозим.
Ҳар ду тамоми шаб мижа таҳ накарданд. Дар интиҳо қарибиҳои субҳ ба хулосае омаданд. Аввал ин, ки ҳеҷ гоҳ Кабиров он расмро дар ҷойи кораш нигоҳ намедорад. Охир дар идора ҳар кор шуданаш мумкин. Ва оне, ки бо чунин мансаб ба таҳдид даст задаст, ҳеҷ гоҳ ба таваккали роҳ намедиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё