АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Азбаски Кабиров ба ҷуз хонаи шаҳрӣ ва бўстонсаро дигар манзиле надорад, аз рўйи ақли солим ба хулосае омадан мумкин аст, ки он расми пурасрор аз бўстонсаро берун нест.
– Фотима ты гении,– гуфт Тоҳир.
Баъдтар нақшаи ин амалиёт низ тарҳрезӣ гардид ва Тоҳир баҳри амалӣ шудани ин нақша лаҳзаи муносиберо интизор шуд. Тахминан ду ҳафта пас хабар омад, ки директор ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳри Исфара, ба санаторияи «Зумрад»
рафтанист.
– Ба фикрам аз ин лаҳзаи муносибтаре нест, бо чӣ роҳе набошад он расмро ба даст овардан лозим,– гуфт Фотима. Ва ин хоҳиши зан дар гўши Сабуров чун амр садо дод.
Ҳарчанд ў дар нишондодаш ҳамаи ин саргузашти аслиашро пинҳон дошт, вале ба саволҳои Сорбони Ҳомид ҷавоб дода, дар охири нишондодаш имзо гузошта гуфт:
– Илтимос, маро ҷавоб диҳед, ман гуноҳе надорам.
Лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид бинобар надоштани ягон далел ба муқобили ў Малсаговаро ҷавоб дод.
Малсагова аз он шод буд, ки ба осонӣ аз дасти ин милисаи «бетаҷриба» халос хурд ва бехабар аз он ки маҳз бо амри ҳамин кас ҳар як қадами ў, акнун, дар зери назорати кормандони милиса аст.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид нозирони хурди кофтукови ҷиноятӣ сержанти милиса Бобоков ва старшинаи милиса Иброҳимовро аз қафои Малсагова фиристод.
… 31 …
Пас аз рафтани Малсагова ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Аршиеваро ба назди хеш хонд.
Зуҳро Маҳмадовна ба ҷавони хеш нигоҳ накарда (ў ҳамагӣ
23 сол дошт) аз дугонааш монданӣ надошт. Маълум буд, ки то ба Душанбе омадан ҳам аз таҷрибаи рўзгор баҳра бардошта аст…
Бар хилофи дугонааш ў аз касе домангир набуд. Бе ягон истиҳола иброз намуд, ки ў ба ин шаҳри зебоманзар барои хонанишинӣ наомадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё